Як қатор корхонаву муассисаҳо

ба сектори хусусӣ фурӯхта мешавад
Бо мақсади тезонидани татбиқи усулҳои муосири идоракунӣ дар корхонаҳо бо иштироки давлат, ки ба истеъмолгар нигаронда шудааст, тамоюлҳои рӯшод, шаффоф ва бозоргонӣ, зиёд кардани даромад аз ҳисоби кам кардани арзиши аслӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои иштирок дар раванди ислоҳоти сармояи хусусӣ, коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт ва минбаъд беҳтар намудани муҳити рақобат Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба ислоҳсозии босуръати корхонаҳо бо иштироки давлат ва хусусигардонии активҳои давлатӣ» имзо гардид.
Мувофиқи фармон
 Рӯйхати корхонаҳои калони давлатӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ, ки бояд тағйир дода шаванд;
 Рӯйхати корхонаҳо бо иштироки давлат, ки дар онҳо идоракунии корпоративӣ ва аудити молиявӣ татбиқ карда, самаранокии амалиётӣ баланд мешаванд;
 Рӯйхати активҳои давлатӣ, ки ба савдоҳои оммавӣ тавассути барномаҳои мақсадноки омодагии пеш аз хусусигардонӣ ва баланд бардоштани ҷаззобияти сармоягузорӣ гузошта шудаанд;
 Рӯйхати корхонаҳое, ки саҳмияҳои (ҳиссаҳои) давлатии онҳо пурра ба бахши хусусӣ тавассути савдоҳои оммавӣ фурӯхта мешаванд;
 Рӯйхати объектҳои ғайриманқули амволи давлатӣ, ки ба бахши хусусӣ фурӯхта мешаванд, тасдиқ карда шуд.

 Дар асоси фармон 32 адад корхонаҳои калони давлатӣ ва иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ трасформатсия карда шуд. 15 объекти ғайриманқули амволи давлатӣ ба сектори хусусӣ фурӯхта мешавад.

 Харидорони активҳои давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонанд пардохтро ба шарти қисм-­қисм супоранд.

 Инчунин, бо Фармон:
 274 корхонаҳое, ки саҳми давлат ҳаст;
 109 газета, нашриёт ва маҷаллаҳо;
 26 корхонаҳои технологияи ахборӣ ва марказҳои хизматрасонии компутерӣ;
 27 муассисаҳои тиббии соҳаи рушдёфтаи сектори хусусӣ;
 12 корхонаҳои саноатии равған;
 31 корхонаи вино ва савдои шароб пурра тавассути савдои оммавӣ ба бахши хусусӣ фурӯхта мешаванд.

 То 1-уми январи соли 2021:
 рӯйхат ва «харитаҳои роҳ»-и пасандозҳо (захираҳои давлатӣ), ки мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ аз нав арзёбӣ карда мешаванд, тасдиқ карда мешавад;
 тартиби ягонаи унификатсияи расмиёти савдо дар платформаи ягонаи электронии савдо ва дар заминаи он ба роҳ мондани таъминоти барномавии такмилдодашудаи бо мақомоти давлатӣ якҷояшуда тасдиқ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ