Муаммоҳои экологӣ ва ҳаёти минбаъдаи мо

Китобҳои профессори таърихи умумиҷаҳонии Университети яҳудӣ дар Исроил Ювал Ной Харори «Sapiens таърихи мухтасари инсоният» ва «Homo gens таърихи мухтасари оянда» маъруфу машҳур аст. Он ба бестселлери умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва ба 50 забони халқҳои дунё тарҷима шудааст. Билл Гейтс онро «яке аз даҳ китобе аст, ки ман ба ҷазираи беодам бо худ мегирифтам» гуфтааст. Ҳоло мо аз боби 18-уми китоби аввал, ки «Инқилоби муттасил» ном дорад, пораеро ба диққати хонандагони рӯзнома ҳавола менамоем.
Муаммоҳои экологӣ, ҳатто масъалаи мавҷудияти худи Homo Sapiens-­ро зери савол мегузорад. Гармшавии ҷаҳонӣ, обшавии пиряхҳо, баландшавии сатҳи уқёнусҳо, ифлосшавии муҳиту атроф Заминро ба ҷойи меҳмонбадбин ва худи намуди мо ҳам табдил медиҳад. Дар оянда моро мубориза барои зинда мондани худ – байни технологияи инсоният ва ба вуҷуд омадани катастрофаҳои табиие, ки бо туфайли худи мо ба амал меоянд, интизор аст. Одамон бо тамоми иқтидор бо ҳодисаҳо мубриза мебаранд ва системаи экологиро ба фоида ва нозу нузҳои худ тобеъ сохта, бо ин роҳ боз ҳам таъсири ғайриасосӣ ва даҳшатноки онро даъват менамоянд. Назорати он танҳо бо ёрии гузаронидани таҷрибаҳои боз ҳам сахт аз болои системаи экологӣ муяссар мегардад, ки онҳо танҳо бесарусомониро пурзӯр мегардонанд.
Ин ҳолатро бисёриҳо «нобудсозии табиат» мегӯянд. Вале ин нобудкунӣ не, ин тағйирёбӣ аст. Табиатро нобуд кардан мумкин нест. Аз рӯйи принсип табиат вайрон намешавад. 65 миллион сол пеш астероид динозаврҳоро нобуд намуд, вале барои ҳайвоноти ширхӯра ба ҳаёт роҳхат дод. Ҳоло инсоният бисёр намудҳоро маҳв месозад ва шояд, охиру охирон худро низ нест кунад. Аммо организмҳои дигар дар ин ҳолат нашъунамо меёбанд. Масалан, муш ва нонхӯракҳо, умуман, тантана мекунанд. Ин мавҷудоти ба ҳаёт тобовар, бемуҳобот аз зери харобаҳои дудкардаистодаи ядроии Армагедон хушҳолона хазида мебароянд ва тайёранд, ки ДНК‑и худро боз барои давом додан диҳанд. Боз 65 миллион сол мегузарад ва шояд, мушҳои ақлнок бо мамнуният бесарусомониҳои ташкилкардаи одамизодро, чӣ хеле ки мо аз он астероиди нобудсохтаи динозаврҳо миннатдорем, ба ёд оранд.
Вале сапиенсҳо ҳоло умуман пурсамар бордор ва зиёд мешаванд. Аз давраи инқилоби саноатӣ аҳолии рӯйи Замин зиёд мегардад. Соли 1700 мо 700 миллион нафар будем; дар соли 1800–950 миллион, дар соли 1900-ум ин рақам қариб ду баробар зиёд – 1,6 миллиард шуд. Дар садсолаи минбаъда бошад, се маротиба – 6 миллиард дар соли 2000-ум ва дар ҳоли ҳозир қариб 7 миллиард нафар сапиенсҳо зиндагонӣ мекунанд.

Таҳияи ва тарҷимаи Б.ҶУМЪАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ