Парвариши дарахти себ

Себ аз фоиданоктарин меваҳо ба ҳисоб меравад. Агар одам рӯзе 1–2 дона себ истеъмол кунад, организм бо витамин ва микроэлементҳои зарурӣ таъмин мегардад. Дарахти себро хуб парвариш кунанд, ҳосилдорӣ зиёд ва меваҳо хуштаъм мешавад.
Ба дарахти себ ҳам, нуриҳои минералӣ чун азот, фосфор, калий ва дигар микроэлементҳо дода мешавад. Охирҳои фасли тирамоҳ ба замин фосфор (аммофос, суперфосфат), нурии калийдор андохта, ба хок омехта кардан аз фоида холӣ нест. Нуриҳои азотдор, яъне селитраи аммиакдор, аммоний сулфат, карбомид, дар баҳор ва ё сари тобистон дода мешавад.
Ба ҳосилдорӣ нигоҳ карда, нурӣ додан лозим. Аммо бисёриҳо ба ин амал намекунанд. Нуриҳои фосфордорро ба ҳар як гектар ба миқдори 300–500 килограмм, калийдорро ба миқдори 100–150 килорамм ва азотдорро ба миқдори 200–300 килограмм додан лозим.

Шавкат НАРЗИҚУЛОВ,
агроном аз маҳаллаи Гармакҳои шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ