Бо андешаи китобҳо зинда мондам

Яке аз муаллифони доимии рӯзнома Баҳодур Ҷабборов аз рӯзи нахустини нашри газета бо мо ҳамкорӣ дорад. Ба қавле, пештар як пойи ӯ дар идораи рӯзнома буд. Дар тӯли сӣ сол бисёр хабару мақола, латифаву ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ дар саҳифаҳои «Овози Самарқанд» чоп шудаанд. Соли 2016 хонандагони рӯзнома бо порчаҳо аз китоби ӯ – «Ман маҳаллатӣ» шинос шуданд.
Ҳарчанд донем, ки Баҳодур Ҷабборов ҳамчун мухлиси доимии рӯзнома аз ҳаёту фаъолияти кормандон бохабар асту ҳамчун обуначӣ ҳар як шумораи онро мехонад, чанд маротиба ба аёдаташ рафтем. Одам, ки пир шуд, беморӣ гиребонгираш гардида, рафту омадаш душвор мешавад. Ба қарибӣ боз ҳамин хел имконияти мусоид фароҳам омаду мо бо шоир Асадулло Шукуров меҳмони хонадони Баҳодур Ҷабборов шудем.
Асаддулло Шукуров, ки китобҳои ӯро ба чоп тайёр мекунад, дар дил тамошои музейи спортии соҳибхонаро дошт.
Хушбахтона Баҳодур Ҷабборовро, ки имсол ба 75-умин зинаи умр қадам гузоштааст, бардаму бақувват дидем. Бо қомати баланд, тану тӯши варзишгарона ва табассуми малеҳи худ ба рӯйи ҳавлӣ баромада, моро пешвоз гирифт. Мо бо якдигар гарму ҷушон вохӯрдиву аҳволпурсӣ намудем. Ӯ, ки мухлиси ашаддии футбол ва соҳаҳои дигари варзиш аст, бисёр лаҳзаҳои голро аниқу дақиқ медонад ва дар вақтҳои зурурӣ ному фамилияи бозингарон ва дастаҳоро бехато ба забон меорад, дар хонааш музейи спорт ташкил кардааст. Дар бораи футбол ё дигар навъҳои он як ба нақл сар кунад, ӯро нигоҳ доштан душвор аст. Дар деҳаи Маҳаллаи ноҳияи Самарқанд, ки ба дунё омада, ба воя расидааст, маҳаллатии гузаро ба ҳисоб меравад.
Баҳодур Ҷабборов аввал моро ба назди дари як хонааш бурд. Дари онро кушод: хона калону барҳаво, рангу бор карда шудааст, вале хоп-­холӣ. Соҳибхона шарҳ дод:
– Акнун музейро дар ин ҷо мекӯчонем.
Дарро пӯшида, моро ба сӯйи хонаи дигаре раҳнамоӣ кард. Дари хона қулф буд. Вале аз паси шишаи он машрафаи калони пуреро нишон дод:
– Мусаллас? – шавқмандона савол додам.
– Ҳа, 20-сола.
– Китоб чоп шавад, мекушоем, – луқма партофт Асадулло.
– Албатта, – тасдиқ кард соҳибхона.
Аз паси шишаи тирезаи дар бошад, ки ба ҳар ҳол мо сурати машрафаро аксбардорӣ кардем. Ин ҷо маҳалла-дия, баъд гап ду нашавад.
Аз он ҷо Баҳодур Ҷабборов моро боз ба хонаи дигаре бурд. Даромада дар паси хонтахта нишастем. Ҳамчун маҳаллатии асил Баҳодур Ҷабборов аз таги миз як олам дастнавису китобҳои ояндаашро ба рӯйи миз баровард. Ба баъзеи онҳо чашми ман ҳам афтод: «Мои шедеври и бестселлери» («Шоҳасарҳо ва китобҳои атиқаи ман»), «Кафангадо бӯл, ватангадо бӯлма» («Кафангадо шав, вале ватангадо нашав»), «Самародок или последний из Могикан» («Худрӯ ё охирин аз Могикан»), «Баходурнома или Феномен‑2» («Баҳодурнома ё беназир‑2»), «Маҳаллатиёни шӯху шуму шаҳрошӯб», «Ман маҳаллатӣ», тарҷимаи «Феномен» ба забони ангилисӣ ва ғайра. Ҳамаи онҳо ба компутер ҳуруфчинӣ ва дар шакли китоб дароварда шуда буданд. Дар байни онҳо доир ба китоби Баҳодури Ҷабборов «Феномен», ки оиди беҳамтову беназирии ҳофизаи одам аст, фикру мулоҳизаҳои хонадагон низ ҷой доштанд:
«Ман бисёр хурсандам, ки ҳамин хел одамони фанатҳои кори худ, шавқмандон ҳастанд.
Дар оянда тағйироти беҳтарин дар ҳамкорӣ ба соҳаи тиҷорат умедворам.
Барои шиносӣ шодам. Муваффақиятҳои эҷодӣ мехоҳам».
Бахтиёр ХУДОЁРОВ.
«Баҳодурака, ба шумо ташаккури калон!
Ман гӯё, ки дар тамоми он воқеаҳои дур ғӯтавар шудам. Зинда бошед, ака, супер! Ҳамеша ҳамин хел бошед. Ман доимо дар паҳлӯятон ҳастам.
Он чизҳое, ки шумо навиштед, ин хазинаи тиллоии футболи мо.
Танҳо ба пеш, акахон!»
Ҳикмат АБДУЛЛОЕВ,
номазади фанҳои филология, дотсент.
«Аҷоиб, браво!
Имконияти одам беҳудуд аст… Ва ин боз ғайри истеъдод ва имконияти худодод! Чӣ хеле, ки мегӯянд, боварнакунанда, вале факт… Миннатдорам, ба ҳайрат овардани ҳамзамононамонро давом диҳед. Ташаккур ба Шумо, Баҳодурака!»
Александр ДАВЛАТОВ,
ходими хизматнишондодаи
маданият, кинорежиссиёр.
«Бо қаноатмандии бузург китоби Баҳодур Ҷабборов «Феномен»-ро хонда баромадам. Китоб бо як шиштан хонда мешавад. Бисёр аҷоиб ва диққатҷалбкунанда аст. Баҳодур Ҷабборов одами аҷоиб аст. Ба ӯ саломатии мустаҳкам, бахт, омади молиявӣ ва комёбиҳои эҷодӣ мехоҳам!!! Китоб не, BEST!!!»
Духтури кардиолог В.Н.КАЗАНСЕВА.
«Вай инсони бисёр аҷоиб ва хуб аст. Ӯ мухлиси ашаддии ҷамоаи футболи мо аст ва номи тамоми бозингарони моро аз ёд медонад».
Ҳелена, аз Бразилия.
«Фикр мекунам, ки ин китоб бегуфтугӯ, на танҳо аз байни мухлисони футбол, балки дар байни одамони гуногнун ҳам хонандагони худро меёбад. Дар он ҳикояҳои саргузаштии пандомӯзи ҳаётдӯстона, лутфи латиф, шӯхиҳои намакин ва ҳатто кадом як авантуризими неки ҳамшаҳрии мо, донандаи беҳамтои статистикаи спорт ҷойгир аст. Вале аз ҳама асосиаш, ин китоб бори дигар исбот мекунад, ки забони спорт унверсиалӣ аст ва сарҳадро намедонад. Ин монанди забони эсперанто аст. Спорт халқҳо ва мамлакатҳои гуногунро ба ҳам мепайвандад ва чӣ хеле, ки мебинем, гоҳо дар вақтҳои ғайриинтизории ҳаёт ёрӣ мерсонад. Одам якҷоя бо муаллифи китоб фарёд задан мехоҳад: О спорт, ту – сулҳӣ!»
Анатолий ИОНЕСОВ,
муаллифи лоиҳаи энсклопедии
«Самаркандиана».
– Худи ман дар мактаби миёна ва дар университет ба забони русӣ нахондаам, – сабаби якбора ба забони русӣ навишатани китоб­ҳошро шарҳ дода гуфт Баҳодури Ҷабборов. – Вале аз куҷо ба русӣ навиштан ба хотирам омадааст, худам намедонам. Шояд ин забон маъмултар аст ва ё дар гузашта зуд ба дигар забонҳо тарҷима мешуд, барои ҳамин бошад, ки ман ба русӣ навиштаам.
Сабаби камнамоиашро пурсон шудем. Ӯ нақл карда, ки порсол ба ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона рафта, бемор шудааст. 18 рӯз дар он ҷо ва ба Самарқанд омада, 28 рӯз дар беморхонаи солимгардонии вилоят хобидааст.
– Ҳангоми бемори ҳатто аз забон мондам. Ҳама гапу корҳо бо имову ишора буд. Духтурон инсулт ё инфаркт шуданамро гуфтанд. Вале доимо ҳушу ёдам ба китобҳо банд буд. Шукри Худо, ки ба по хестам, боз забонам гӯё гашту ҳоло бо шумо сӯҳбат мекунам. Ман шояд бо фикри китобҳоям зинда мондам.
Асадулло Шукуров, ки ношири китобҳои ӯст, барои дида баромадани нусхаи аввалини чопии китобро супурд, ки ба зудӣ дида барояд ва барои чопаш иҷозат диҳад. Ҳангоми сӯҳбат маълум шуд, ки якбора се қисми китоби «Феномен»-и ӯ ба забони русӣ ва «Ман маҳаллатӣ» ном китобаш ба забони тоҷикӣ ба нашр омода мешаванд.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ