Оилаи
санъатдӯстон

Санъаткори шинохтаи булунғурӣ, мудири Маркази маданияти рақами 3-и ноҳия (дар маҳаллаи «Мингчинор») Давлатбой Эрмонов дар даври карантин бо аҳли оила бештар машғули эҷод шуданд.
– Аъзои оилаамон соҳибони касбу кори гуногун бошанд ҳам, ҳама ошуфтагони санъат мебошанд, – бо табассуми хуш гуфт Д. Эрмонов. – Ба туфайли карантин дар хона бо санъат машғул шудем. Фарзандонам бо навохтани асбобҳои мусиқӣ сурудҳо мехонанд. Духтарам Зулхумор чанг, писаронам Хуршедҷон доира, Ҷаҳонгир ғиҷҷак, Амонулло рубоб, худи ман тор менавозам. Ҳамсарам Малоҳатхон дирижёри ансамбли оилавиамон буда, ба сурудҳои иҷрокардаамон баҳо медиҳад. Муваффақият ва камбудиҳои моро назорат мекунад…
Ба ин оилаи санъаткорон ҳамсояҳо бо ҳавас менигаранд. Аъзои ин оила ба ҳамдигар тифоқ, хушсухану меҳрубон ҳастанд. Ансамбли оилавӣ оҳангҳои мисли «Яллама ёрим», «Тулпорим», «Андиҷон полкаси»-ро бо маҳорати баланд иҷро мекунанд.

Ҷ.ПУРАСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ