Будҷаи давлатӣ бо назардошти эҳтимоли идомаи пандемия дар соли 2021 шакл мегирад


Будҷаи давлатии Ӯзбекистон барои соли 2021 бо назардошти эҳтимоли идомаи пандемияи коронавирус шакл мегирад. Дар ин бора маркази матбуотии Маҷлиси қонунгузории порлумони кишвар хабар дод.
Рӯзи 24 ноябр бо иштироки сарвазири Абдулло Арипов ҷамъомади умумии Маҷлиси қонунгузории Олий Маҷлис баргузор шуд.
Дар ин маҷлис лоиҳаи қонуни “Дар бораи будҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2021” баррасӣ гардид.
Ҳамзамон дар маҷлис пешбинии самтҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии Ӯзбекистонро дар солҳои 2022-2023 низ тақдим шуд.
Таҳиякунандагони лоиҳаи қонун дар соли оянда рушди маҳсулоти нохолиси дохилиро (ВВП) 5,1 дарсад пешбинӣ кардаанд. Аз ҷумла, рушди истеҳсол дар бахши саноатӣ 5,8 дарсад, дар сохтусоз 6,5 дарсад, дар кишоварзӣ 2,7 дарсад ва дар хидматрасонӣ 6,4 дарсад пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти нохолиси дохилӣ 688,9 триллион сӯм, даромади будҷаи давлатӣ 147 миллион сӯм хоҳад буд. Сарфу харҷи будҷаи давлатӣ 165,7 триллион сӯм хоҳад буд. Сарфу харҷи будҷаи давлатӣ дар соли 2021 нисбат ба соли ҷорӣ 24 дарсад зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона хоҳад шуд.
Соли 2021 барои иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи таълим 2,2 трилллион сӯм ва нахустин бор барои таъмин кардани фарзандони бепадару модар бо хонаву ҷой 30 миллиард сӯм ҷудо мегардад. Илова бар ин, аз будҷаи давлатӣ ба муассисаҳои таълими томактабии хусусӣ 600 миллиард сӯм кӯмакпулӣ ҷудо мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ