Дар Андиҷон «Моҳонаи варзиш» давом дорад

Дар вилояти Андиҷон дар доираи «Моҳонаи варзиш», ки бояд аз 10 ноябр то 10 декабр идома ёбад, аз рӯйи мини-футбол барои ҷоми ҳокими шаҳри Андиҷон сабқат баргузор шуд.
Дар мусобиқа ҷамоаҳои ҳокимият, прокуратура ва инспексияи давлатии андози шаҳр ширкат ҷустанд.
Дар зӯрозмоии шадид ҷамоаи прокуратураи шаҳри Андиҷон ғолиб омад ва соҳиби ҷом гардид.
Бале, чунин мусобиқаҳо ба тандурустии онҳое, ки бо меҳнати ақлӣ сарукор доранд, мусоидат менамояд.
Аксбардор: З.УМУРЗОҚОВ (ӮзА).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ