Президенти Русия бо раҳбарони Арманистон ва Озарбойҷон мулоқот кард

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кремл, дар музокирот натиҷаҳои сафари комиссияи байниҳукуматии Русия ба Ереван ва Боку ва иҷрои созишномаи 9-уми ноябр байни се кишвар баррасӣ шуданд.

Масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва коммуникатсияи нақлиётӣ дар минтақа низ баррасӣ шуданд.

Бояд қайд кард, ки пас аз созишномаи оташбор байни тарафҳо, Русия нерӯҳои посдори сулҳро дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҷойгир кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ