Нахустин касе, ки метавонад ҳазор сол зиндагӣ кунад, ба дунё омадааст


Ба гуфтаи Обри де Грей, шифокори Британия, ки дар соҳаи геронтология (илми омӯзиши сабабҳои пиршавӣ ва ёфтани роҳҳои мубориза бо он) пажӯҳиш мекунад, ҳоло дар рӯи замин одаме зиндагӣ мекунад, ки метавонад ҳазор сол умргузаронӣ кунад.
Ба назари де Грей, илм солҳои охир ба ҳадде рушд кард, ки эҳтимоли пайдо кардани воситаи нигоҳ доштани ҷараёни пиршавӣ хеле боло аст.
Ҳамчунин, ӯ бовар дорад, ки дар даҳсолаҳои оянда бемориҳои вобаста ба синну сол аз байн мераванд.
Обре де Грей таъкид мекунад, ки одаме, ки метавонад ҳазор сол зиндагӣ кунад, ҳоло дар байни мо аст. Бо вуҷуди он, ки барои ҳазор сол зиндагӣ кардан роҳи зарурӣ ҳанӯз пайдо нест, аммо дар ояндаи наздик пайдо шудани он аз эҳтимол дур нест.
Олим мегӯяд, ки усули расидан ба дарозумӣ дар 20 соли оянда пайдо мегардад ва пириву фартутӣ комилан мағлуб мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ