Одил Ахмедов: «Марадона дар сифати шоҳи ҳақиқии футболи дунё мемонад»

Сардори Ҷамоаи миллии футболи Ӯзбекистон Одил Ахмедов дар бораи афсонаи футбол Диего Армандо Марадона, ки дирӯз дар синни 60-солагӣ вафот кард, фикр баён кард. «Хабарро оиди аз олам гузаштани Марадонаро хонда ғамгин шудам. Ин хабари ногаҳонии нохуш шуд. Медонед, ҳар як футболбоз дар дил мисли Марадона футболбози машҳур шуданро орзу мекунад. Марадона дар олами футболи олам мавқеи калонро соҳиб аст. Бо муваффақиятҳои худ аз қалби миллионҳо нафар мухлисон ҷой гирифтааст. Ба мухлисони Марадона таъзияамро баён мекунам. Ӯ бо бозиҳои дар майдон кардаи худ барои футболбозони ҷавон дар сифати намуна боқӣ мемонад. Охираташ обод бошад! Ӯ дар сифати шоҳи ҳақиқии футболи дунё мемонад.» — гуфтааст О. Ахмедов ба мухбири сомонаи Tribuna/uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ