Президент бо лоиҳаҳои 9 миллиард доллараи саноати нафт-газ кимё шинос шуд

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пареррӯз бо тақдимот доир ба ҳолати лоиҳаҳои пуристиқболноки саноати нафт-газ кимё шинос гардид. Бино ба маълумоти Хизмати матбуоти Президент кимёи нафт-газ сохтори қимати иловагии бунёдкунанда, дар экспорт мавқеи калонро соҳиббуда мебошад. Дар Ӯзбекистон бо мақсади амиқ аз нав коркарди русурсҳои ашёи хом, афзудани самарадории иқтисодӣ лоиҳаҳои зиёде амалӣ мегарданд. Хусусан, аз рӯйи амиқ аз нав коркарди гази табиӣ 52 лоиҳаи қариб 9 миллиард доллара муайян гардидааст. Аз ин 15-тоаш аз рӯйи кимёи ғайриорганикӣ, 23-тоаш кимёи органикӣ, 12-тоаш аз рӯйи полимерҳо. Боз бино ба як лоиҳа, аз рӯйи маҳсулоти полимери навъи нав тадқиқоти илмӣ ва таҷрибаҳо гузаронида, маркази ба истеҳсоли бевоситаи лоиҳаҳо ҷорикунанда ва мутахассисони пешсаф тайёркунанда ташкил карда мешавад. Дар самараи тамоми лоиҳаҳои тақдимгардида ба қимати 4,1 миллиард доллара маҳсулот истеҳсол шуда, сарпур кардани ҷойи импорти 1,1 миллиард доллара ва 1,45 миллиард доллара экспорт таъмин шуданаш мумкин. Ҷамъ ба 6500 наздик ҷойи нави корӣ бунёд кардан дар нақша аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ