Мулоқоти ояндаи Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад

25 ноябр дар шаҳри Сеул 13-умин Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон бо сарварии Абдулазиз Комилов ширкат варзид.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар Форум таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Ӯзбекистон аҳамияти вижа дорад. Зикр шуд, ки Ӯзбекистон Форумро ҳамчун василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад.
Дар чорчӯби Форум ҷаласаҳои алоҳидаи маҷозӣ роҷеъ ба масъалаҳои стандартизатсия, тандурустии омма, муҳити зист ва таҳсилоти фосилавӣ баргузор гардиданд.
Иштирокдорони ҷаласа аҳамияти масъалаҳои баррасишударо таъкид намуда, татбиқи лоиҳаҳои мушаххасро, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви Форумро таҷассум мекунанд, зарур шумориданд.
Гарчанд кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои дигар низ шаклҳои монанди ҳамкорӣ доранд, лекин Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» ягона сиғаест, ки котиботи худро созмон додааст.
Дар интиҳои нишаст Баёнияи муштарак ва Нақшаи кории котиботи Форум барои соли 2021 қабул шуданд.
Вазирони корҳои хориҷии Форуми «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» қарор қабул карданд, ки мулоқоти оянда дар Душанбе баргузор гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ