Маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус дар Маскав то 15-уми январ дароз карда шуд

Мери Маскав Сергей Собянин эълом дошт, ки як қатор чораҳои маҳдудкунанда, ки бинобари паҳншавии сирояти коронавирус татбиқ карда мешаванд, то 15-уми январи соли 2021 тамдид карда мешаванд.

Тибқи қарори раиси шаҳр, ба шахсони аз 65-сола боло ва шахсони гирифтори беморӣ тавсия дода мешавад, ки режими хонаро риоя кунанд. Корхонаҳо ва ташкилотҳои пойтахт бояд ҳадди аққал 30% кормандонашонро ба кори фосилавӣ гузаронанд. Ғайр аз ин, истироҳатгоҳҳои бачагонаи шаҳр то нимаи моҳи январ баста мешаванд.

Ин маҳдудиятҳо пас аз оғози мавҷи дуввуми хуруҷи COVID-19 дар Маскав дар охири моҳи сентябр ҷорӣ шуда, баъдан чанд маротиба дароз карда шуданд.

«Мо бояд дар давоми ин 1,5 моҳи оянда дар ин режим зиндагӣ кунем. Ва ҳатто Соли навро мо ҳамчун як ҷашни оилавӣ — дар доираи хурд таҷлил кунем. Аммо дар айни замон, корхонаҳои саноатӣ, идораҳо, дӯконҳо, хидматрасонӣ идома медиҳад.»

Қаблан, дар Маскав донишҷӯёни донишгоҳ ва синфҳои болоӣ ба таҳсили фосилавӣ гузаронида шуда буданд. Инчунин, дар шаҳр фаъолияти тарабхонаҳо ва клубҳои шабона манъ карда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ