Олимони амрикоӣ дар иёлати Оҳайо озмоиши зидди саратони “PD1-Vaxx”-ро дар одамон оғоз карданд



Ваксинаи “PD1-Vaxx” ба ҳуҷайраҳои “қотил” барои шикори ҳуҷайраҳои саратон ёрӣ медиҳад. Ҳамчунин, ин дору ҳуҷайраҳои В ва Т-ро фаъол мекунад ва боиси хурд шудани омоси саратон мегардад.
Ба гуфтаи олимон, ин ваксина дар муолиҷаи ҳайвонот озмоиш шуда ва дар 9-то аз 10 ҳолат натиҷаи мусбат додааст. Ҳамчунин, самарбахш ва бехатар будани ваксина исбот шудааст.
Акнун олимон барои озмоиши ваксина дар одамон иҷозат гирифтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ