Дуто фарқи COVID-19 аз дигар вирусҳо


Коронавируси нав, ки номи COVID-19-ро гирифт, аз дигар вирусҳои маълум фарқ дорад. Дар ин бора рӯзномаи “Вечерняя Москва” навишт.
Ба гуфтаи биоинформатик Михаил Гелфанд, фарқ дар миёни COVID-19 ва дигар вирусҳо дуто аст.
Яке аз фарқҳо ин мебошад, ки муддати нуҳуфтагии (инкубатсионӣ) коронавируси нав хеле дароз аст. Дар ин муддат бемор ягон нишонаеро эҳсос намекунад ва намедонад, ки мубталои вирус шудааст.
Фарқи дувум – шумори мубталоёни коронавирус, ки нишонаҳои бемориро надоранд, хеле зиёданд.
Мутахассис мегӯяд, ки ин пандемияи муқаррарӣ ст, вале, одамон ба он омода набуданд. Барои аксарият риоя кардан ба қоидаҳои нав мисли ниқобпӯшиву фосилаи иҷтимоӣ хеле душвор аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ