The New York Times беҳтарин ҳунарпешагони асри 21-ро эълон кард


Рӯзномаи амрикоии The New York Times феҳисти беҳтарин ҳунарпешагони асри 21-ро таҳия ва эълон кард. Дар ин феҳрист 25 ҳунарпешаи ҷаҳонӣ ҷойгир шуданд.
Дензел Вашингтон, актёри амрикоӣ дар садри ҷадвали ҳунарпешагон қарор гирифт. Рӯзноманигорон ӯро “Шахси барҷастаи ҷаҳоннамо” номиданд. Ба назари муаллифони феҳрист, Дензел Вашингтон берун аз рақобат аст. Ӯ метавонад нақши шахси бебок, бад ва оддиро яксон олӣ офарад.
Дар нахустин панҷгонаи феҳрист хонум Изабел Юппер, Дэниэл Дэй-Люис, Киану Ривз ва хонум Никол Кидман ворид шуданд.
Муаллифон таъкид карданд, ки эҳтимоли нохолис эътироф шудани феҳрист вуҷуд дорад. Зеро, дар он “баъзе камбудиҳо” ҷой доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ