Uzcard: Ҳушёр бошед, ба доми фиребгарон наафтед


Вазорати корҳои дохилӣ ва ширкати Uzcard шаҳрвандонро ба ҳушёр будан аз фиребгарон даъват мекунад.
Истифода аз кортҳои пластикӣ рӯз ба рӯз мукаммал ва нисбатан бехатар мешавад. Вале, фиребгарон аз бовари одамону надонистани қоидаҳо ба фоидаи худ истифода мекунанд
Бонкҳо ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ба сурати мунтазам аризаҳои одамонро, ки ба доми фиребгарон афтодаанд, қабул мекунад.
Соҳибони кортҳои пластикӣ бояд ба ин тавсияҳо амал кунанд:
Ошкор накардани Пин-коди корт ба бегонаҳо;
Нишон надодани коди паёмаки тасдиқкунанда ба дигарон;
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси корти пластикиро, ки рақами он намудор аст, нагузоранд.
Uzcard ва бонкҳо ҳеч гоҳ барои донистани Пин-код, ё паёмаки тасдиқкунанда ба муштариён занг намезананд.
Фиребгарон бо баҳонаҳои гуногун худро корманди банк, ё ширкати Uzcard муаррифӣ мекунанд. Мақсади онҳо гирифтани пули корти пластикии одамон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ