Дар Намангон таҳкурсии минтақаи нави хурди саноатии «Нурафшон» гузошта шуд

Дар ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон таҳкурсии минтақаи нави хурди саноатии «Нурафшон» гузошта шуд.
Минтақаи хурди саноатии нав 12 гектар майдонро ишғол хоҳад кард. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин ҳудуд 26 лоиҳа ба арзиши 80 миллиард сӯм амалӣ карда шавад.
Аз ин миқдор 59 миллиарду 200 миллион сӯм, ё 75 фоизаш маблағҳои шахсии ташаббускорон мебошанд. Баробари баҳрабардории минтақаи хурди саноатӣ, дар ин ҷо беш аз ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов, ки дар ин чорабинӣ ба муносибати созмон дода шудани МХС ширкат варзид, қайд кард, ки ба ҳарчи зудтар оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, фароҳам овардани инфрасохтори дахлдор, беҳтар намудани ҳолати роҳҳо диққати махсус додан лозим.
Таъсиси минтақаҳои хурди саноатӣ омили муҳими решакан кардани бекорӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки айни замон дар минтақаи хурди саноатии «Бунёдкор»-и ноҳияи Янгиқӯрғон корҳои амалӣ аллакай оғоз ёфтаанд. Ба қарибӣ сохтмони минтақаҳои саноатии “Янги Боғистон” ва “Гулшан” оғоз мешавад.

Оқилхон ДАДАБОЕВ,
мухбири ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ