Аксари кишварҳои Африқо ба эмкунии аҳолӣ зидди коронавирус омода нестанд


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ огоҳ мекунад, ки вақти дастрас шудани ваксинаи зидди коронавирус аксари кишварҳои Африқа ба эмкунии аҳолиии худ ҳанӯз омода нахоҳанд буд. Дар ин бора BBC Africa хабар дод.
Гуфта мешавад, ки сеяки кишварҳои африқоӣ барои эмкунии густурдаи аҳолӣ зерсохти (инфраструктура) зарурӣ надоранд. Дар ҳоли ҳозир СҶТ ба ин кишварҳо тавсия медиҳад, ки то дастрас шудани ваксинаҳо ба эмкунӣ омода шаванд.
То ҳол нисфи кишварҳои қитъа барои хариди ваксинаҳо маблағ ҷудо кардаанд.
Марказҳои назорат ва беҳсозии бемориҳои Африқо низ ба ин назаранд, ки эмкунии аҳолӣ барои ҳукуматҳо муаммои ҳақиқӣ хоҳад буд. Ҷон Нкегасонг гуфт, ки танҳо дар дувумин семоҳаи сол имкони оғози эмкунӣ дар Африқо вуҷуд дорад. Мутахассисон умедворанд, ки метавонанд то 60 дарсади аҳолии қитъаро бар зидди коронавирус эм кунанд.
Дар ҳоли ҳозир дар Африқо беш аз 2,1 миллион нафар мубталои коронавирус шудаанд, ки ин камтар аз 4 дарсади шумори умумии мубталоёни ҷаҳон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ