Пеши роҳи муомилоти ғайриқонунии доруворӣ гирифта шуд

Мақомоти гумрук бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои дорувории бесифат пайваста мубориза мебаранд.
Кормандони шуъбаи мубориза бо қочоқ ва аудити гумрукии Раёсати гумруки вилояти Сирдарё дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Тошканд алайҳи гардиши ғайриқонунии воситаҳои доруворӣ амалиёти фаврӣ анҷом доданд.
Дар рафти чорабинӣ воситаи нақлиёти автомобилии русуми «Кобалт», ки Д.М. ном шаҳрванди таҳти назорат қарордошта идора мекард, дар яке аз истгоҳҳои шаҳри Оҳангарон мавриди санҷиш қарор гирифт.
Маълум шуд, ки дар дохили мошин 693 адад доруи ба сифаташ кафолат дода нашудаи “Гриппол плюс” ба маблағи 119 миллион сӯм мавҷуд буд, ки ба мақсади фурӯхтан ба харидори шартӣ оварда шудааст.
Мақомоти гумрук ин қазияро таҳқиқ мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ