Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи Пажӯҳишгоҳи муштараки атомӣ шуд


Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи Пажӯҳишгоҳи муштараки атомӣ (ПМА) шуд. Дар ин бора маркази матбуотии Академияи улуми кишвар хабар дод.
Рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Дубнаи Русия маҷлиси кумитаи намояндагони кишварҳои узви ПМА барпо шуд. Дар маҷлис барқарор кардани узвияти Ӯзбекистон дар пажӯҳишгоҳ аҳ 1 январи соли 2021 қабул гардид.
Мақоми узви комилҳуқуқ ба мутахассисони Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки дар лоиҳаҳои бузурги байналмилалии атомӣ иштирок кунанд. Ҳамчунин, акнун Ӯзбекистон метавонад барои омодасозии кадрҳо дар соҳаи технологияҳои атомӣ, тибби атомӣ ва ғайра аз ёрии ПМА истифода кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ