Дар Қирғизистон ҷорӣ кардани таҳсили маҷбурии 11-сола пешниҳод шуд


Канибек Османалиев, доктори улуми физикӣ ва риёзиёти Қирғизистон пешниҳод кард, ки дар лоиҳаи нави Сарқонуни кишвар банди таҳсили маҷбурии 11-сола низ илова шавад.
Ӯ гуфт, ки дар кишварҳои пешрафта қонун кӯдаконро маҷбур мекунад, ки 11 сол таълим гиранд, чун ҷаҳони имрӯза ҳаминро тақозо мекунад.
Османалиев афзуд, “Аксари бачаҳои мо баъди синфи 9-ум таҳсилро қатъ мекунанд. Бояд дар сарқонун таълими маҷбурии комили миёна сабт шавад…”.
Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон таълими 9-сола маҷбурӣ аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ