Тайёрӣ ба мавсими зимистон чӣ хел аст?

Дирӯз филиали таъминоти гази «Hududgaz Samarqand» аз рӯйи корҳои амалигардида ва ҷараёни тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020–2021 ва бо гази табииву ва моеъ таъмин кардани аҳолии вилоят пресс- тур ташкил кард.
Иштирокдорон нахуст дар Истгоҳи газтақсимкунии Шимолӣ, ки дар маҳаллаи Мотуруди шаҳри Самарқанд воқеъ шудааст, бо корҳои амалишуда шинос гардиданд. Сармуҳандиси филиал Фурқат Каримов оиди фаъолияти истгоҳ, камбудӣ ва муваффақиятҳои он ҳарф зад. Сипас, иштирокчиён дар шохобчаи газпуркунии ноҳияи Пайариқ шуданд. Дар ин ҷо сармуҳандиси СУТ – и филиал Хуршед Мелиев ҳозиронро бо ҷараёни ба баллонҳои газ пур кардани гази моеъ шинос кард. Ин ҷо ходимон рӯзе 25–30 тонна гази моеъро ба баллонҳо (20 килогӣ) андохта ба маҳаллаҳои ноҳияҳои Пайариқ, Оқдарё мерасонанд.
– Имрӯз баллонҳоро ба маҳаллаи Яссавийи шаҳри Чалак мебарам. Кафшергарон Қамару Алишер ба хонадонҳо баллонҳоро тақсим мекунанд. Бо хоҳиши баъзе хонадонҳо баллонҳоро ба ускунаи газ васл карда, барои ин амал ба ҳисоб 3000 сӯм зам мекунанд. Дар кори мо эҳтиёткорӣ лозим, – гуфт яке аз ронандаҳои «Исузу» Алибой Умрзоқов.
Муҳандисон таъкид карданд, ки бо пастшавии ҳарорати ҳаво қонеъгардонии истеъмолгарони гази табиӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Рӯзҳои охир истеъмоли рӯзонаи гази табиӣ дар ҷумҳурият аз 46 то ба 72 миллион метри мукааб зиёд шуд. Корҳои ускунаҳои газтақсимкунӣ ва хизматҳои дипетчерии шӯъбаҳои Ҷамъияти саҳҳомиро зиёд кард. Барои мутобиқгардонии фаъолияти мазкур дар филиал штабе, ки шабу рӯз кор мекунад, ташкил гардид. 23 гурӯҳи зудкори садама-­таъмиркунӣ (қариб 60 нафар ходим) ба ҳолати тайёр оварда шуданд. Гурӯҳҳо бо воситаҳои зарурии нақлиёт, мутахассисон, асбобу ускунаҳо, либосҳои махсуси корӣ ва қисмҳои эҳтиётии дахлдор таъмин гардиданд. Бино ба ҳолати 27-уми ноябр аз сабаби пастшавии фишор дар қубурҳои газ дар 87 маҳаллаи вилоят, ки дар нуқтаҳои охири сохтор ҷойгир шудаанд, паст шуданд. Бо мақсади оқилона фоида бурдан аз ресурсҳои мавҷуда ва сарфаи газ дар ҳудудҳо корҳои тарғиботию фаҳмондадеиҳӣ бурда мешаванд. Рейдҳо барои пешгирии газдуздӣ гузаронида мешавад. Дар доираи лоиҳаи АСКУГ имрӯзҳо дар вилоят беш аз 15000 газҳисобкунакҳои «ақлнок» гузаронда шудааст. Дар филиал то ҳол корҳои омодагӣ ба мавсуми тирамоҳу зимистони соли 2020–2021 амалӣ шуд.
Аз ҷумла, аз рӯйи реҷаҳои тасдиқгашта моҳи октябр корҳои зерин амалӣ гардиданд:
–1.2 километр қубурҳои газ рекоструксия гашт;
–0,1 километр қубурҳои газ мукаммал таъмир гардид;
–41 дона қуттии газтақсимкунӣ тафтиш карда шуд;
–8824 дона ҚГТ таъмир гардид;
–839,8 километр қубурҳои газро бо ёрии фишори ҳаво тоза карданд;
– Ҳолати 287,2 километр қубурҳои гази зеризаминӣ бо ёрии ускунаи «прибор» санҷида шуд;
Дар мавсуми тирамоҳу зимистони соли 2020–2021 аз рӯйи таъмини бемамонияти аҳолӣ бо гази моеъ қариб 51332 тонна маҳсулоти гази моеъ ҷудо шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати мавсуми соли 2019–2020 ба 19887,0 тонна зиёд аст.

Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ