Омад фасли зимистон, вале…

Шояд мувофиқи тақвим аз якуми декабр фасли зимистон бо барфу нафаси сарди худ барои «ҳукмронии қонунӣ» ба кишвари мо қадам гузорад. Вале чанде пеш шамоли сахт аз ҷониби шимол вазида, осмон мотам гирифт, ашк рехт, ки он батадриҷ ба яхча, сипас барфи реза табдил ёфт.
Пагоҳирӯзӣ мардуми Самарқандиҳо шоҳиди «либоси нав» пӯшидани табиат шуданд – барфи нуқрагин чашмро мерабуд.
Воқеан, аз он хушнудии бачагон интиҳо надошт. Вале падару модарон, сарвари оилаҳо, мардуми камбизоат, ки ба фасли зимистон сӯзишворӣ надоштанд, дилашон ба ангиштсанг табдил ёфт. Зеро муаммои гарм кардани истиқоматгоҳ ба миён омад.
Рости гап, ҳавои сард масъулони идораҳои газу нерӯи барқи Самарқандро ҳушёр сохт. Аз якбора паст шудани фишори гази табиӣ, кашол ёфтани таъминот бо баллони гази моеъ ва тез-­тез қатъ гардидани нерӯи барқ мардум бо асаби вайрон бонги изтироб заданд. Телефонҳои ҳокимияту идораҳои дахлдор беист занг зад, «фейсбук» аз шикояту танқид, шеърҳои ҳаҷвӣ, карикатураҳо гӯё таркид.
Таъҷилан бо роҳбарони идораи шӯъбаи вилоятии «Hududgaz Samarkand» ва роҳбари нави корхонаи таъминоти барқи вилоят анҷумани матбуотӣ ба вуқӯъ пайваст. Саволҳо бисёр шуд, аммо ҷавобҳо ба қавле «думашон дар хӯрҷин» гардид.
Эшон ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварданд. Дуруст, сол то сол манзилҳои истиқоматӣ бис­ёр мегарданд ва алалхусус талаб ба сӯзишвории арзону бедуд – газ бисёр аст. Чуноне, ки сармуҳандиси шӯъбаи вилоятии «Hududgaz Samarkand» Фурқат Каримов иттилоъ дод, ҳоло дар вилоят 768 765 ҳавлӣ, аз ҷумла, қариб 65 ҳазор хони биноҳои бисёрқабата бо гази табиӣ таъминанд. Беш аз 480 ҳазор оилаҳои деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳсор аз гази баллонӣ истифода мебаранд.
Ҳисоботи сардори идораи барқ низ хабарнигорони анҷумани матбуотро ба ҳайрат гузошт.
Аҷаб, нерӯи барқ ва таъминот бо газ сари вақт амалӣ нагардад, масъулон ба мизоҷон чӣ мегӯянд?

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ