Коргоҳи замонавӣ дар «Мингтеппа»

Соли гузашта кордонҳои хитоӣ дар ҳудуди маҳаллаи «Мингтеппа» – и ноҳияи Булунғур коргоҳи хиштбарории «Бешбармоқ ғишт заводи»-ро бунёд карданд. Коргоҳ бо технологияҳои хитоӣ соҳиб шуд. Он соле 40 миллион дона хишти пухта истеҳсол мекунад.
– Заводи мо моҳи январи соли ҷорӣ ба кор даромад, – гуфт директори коргоҳ Чен Чанг Ҷоу. – Дар завод 70 нафар аҳолии маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Барои кор ва истироҳати коргарон шароитҳои мусоид фароҳам аст. Онҳо бо хӯроки гарми нисфирӯзӣ таъминанд. Ҳоло маҳсулоти заводамонро ба ташкилотҳои сохтмонии вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах мефурӯшем.

Ҷ.АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ