Чаро мардум ғайбат карданро дӯст медоранд?

Аз кӯча мегузаштам. Марде аз дарвозаи ҳавлиаш баромада, бадғазабона ба сӯйи дари ҳамсоя нигарист. Дар он ҷо чор-­панҷ нафар занҳо сӯҳбат доштанд. Ҳайбату нигоҳи ғазабангези мардро дида, яке аз занҳо аз ҳамсӯҳбатон ҷудо шуд ва бо сари хам шитобон ба назди мард омад. Вай наздик шуду мард ба сари ҳамсараш дод зада, бухси дилашро кафонд:
– Чоғу гап-­гап ҳам 5–10 дақиқа будагист-­дия. Наход чанд нафар ҷамъ шуда, одам 3–4 соат гап-­гапу ғайбат кунад. Ба ҷойи ҷоғзании беҳуда корҳои хонаро кунӣ намешавад? Як кас ба хона ояд, одам шарм медоред-­е, Ғайбатнисо!
Дамаш дарун зада зан ба ҳавлӣ даромад. Ин аҳволро дида, занони дигар ҳам пароканда шуданд…
Чаро мардуми мо, махсусан занон гапу ғайбатро дӯст медоранд? Худи ғайбат чист?
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» он чунин шарҳ ёфтааст:
Ғайбат аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш:

  1. Ғайбат – ғоибӣ, нопадидӣ, пинҳон будан, ҳозир набудан; дурӣ, ҷудоӣ ва муфориқат.
  2. Ғи(й)бат – айби касеро дар қафои касе гуфтан; айбҷӯйӣ кардан аз қафои каси дигар, бадсуханӣ, бадгӯйӣ.
    Умуман, пайдоиш ва инкишофи ғайбат (ғийбат)-ро илми психологияи эволютсионӣ тадқиқ мекунад. Ғайбат воситаи муҳиме мебошад, ки бо ёрии он одамон метавонанд обрӯю нуфузи касеро дар ҷамъият пайгирӣ намоянд. Ба ақидаи антрополог ва психологи эволютсионии бритонӣ Робин Донбар ғайбат ҳамчун асоси ташкили муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҳамҷамъияти бузург имконият медиҳад.
    Ғайбатгӯйиро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад ва ба он аз нуқтаи назари фаҳмишу дониши худ баҳо медиҳад. Масалан, психологи мактаби таълими умумии рақами 47-и ноҳияи Самарқанд Маърифат Ғаниева ҳангоми сӯҳбат чунин изҳори ақида намуд:
    – Ғайбат кардан хуб нест. Ғайбат дар байни одамон тухми адоватро мекорад, ҳаёти ҷамъиятро аз роҳ мебарорад. Дар ҷое, ки ғайбат, иғво ва ҳасад бошад, риштаҳои меҳру муҳаббат гусаста мешавад, ба муносибати хуби одамон зарар мерасад. Ғайбат кардан, якдигарро паст задан, комёбиҳои дигареро дида натавонис­та, бештар камбудиҳояшро ба забон овардан аст. Ғайбат кардан на танҳо дар байни занҳо, балки дар байни мардҳо ҳам дида мешавад. Масалан, чойхонаро баъзеҳо ғайбатхона мегӯянд, ки асос ҳам дорад. Одамҳои калон ғайбати дигаронро мекунанд, ки ин айб аст. Аз ғайбат дур будани одамизод беҳтар аст.
    Ҳилолахола (бидуни гуфтани манзил худро чунин муаррифӣ кард):
    – Ҳангоми вохӯриву сӯҳбат бо дугона ё ҳамсояҳо гап аз гап баромада, дар бораи кору рафтори ягон кас қарор мегирад. Ҳама ба он ҳамроҳ шуда, камбудӣ ва ё гуфтору рафтори бадашро ба забон меоранд. Ман ҳам худро дошта натавониста, ба онҳо ҳамроҳ мешавам. Ғайбат будани ин корро донам, ки дигар илоҷ нест. Дар як ҷо нишаста, сӯҳбат кунеду шумо дар он ҳамроҳ нашавед, ҳама гумони бад мебарад. Албатта, дигарон ҳам аз паси ман гап мезананд. Хайр, чора чист? Зиндагӣ ҳамин хел бошад, аз дасти бандааш чӣ кор меояд.
    Баъзеҳо, ки ба нафақа баромаданд ва аз дасташон дигар коре намеояд, вақти азизи худро бо гапфурӯшиву ғайбати дигарон сарф мекунанд. Он гӯё як шириние бошад, ки сахтакак мечаспад. Ин одат асосан хоси онҳое аст, ки аз илму маърифат дуранд.
    Нарзипӯлод Саидова, ки дорои маълумоти олист ва дар маҳаллаи Сӯзангарони шаҳри Самарқанд зиндагонӣ мекунад, нуқтаи назари худро ин тавр баён кард:
    – Ғайбат яке аз иллатҳои бадтарини ҷамъияти мост. Дар ин хусус шоире гуфтааст:
    Ғайбати кас то битвонӣ нагӯй,
    З‑он ки зи ғайбат биравад обрӯй.
    Дар ҳақиқат, одами бомаданият ҳеҷ вақт ғайбати касеро намекунад ва аз ғайбатчиён дурӣ меҷӯяд. Он шахсе, ки худашро ҳурмат намекунад, айбҷӯйӣ карда, нодонии худро нишон медиҳад.
    Дар сураи «Ҳуҷурот»-и Қуръони карим, дар оятҳои 11–12-ум гуфта шудааст: «…Ва аз ҳама айбҷӯйӣ макунед ва якдигарро ба алқоб (лақабҳо)-и зишт махонед…» «…Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷустуҷӯ макунед. Ва аз якдигар ғайбат макунед. Оё ҳеҷ аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад»…

Адолат БОБОЕВА, аз ноҳияи Ургут худро чунин муаррифӣ кард:
– Ман ғайбат карданро бад мебинам. Ғайбат ин ганда кардани як каси дигар аст. Занҳо, духтарҳоеро мебинам, ки дар сари кӯча ва ё дар хараки назди дарвозаашон нишаста, соатҳо ба ғайбати дигарон машғул мешаванд. Якеро таъриф кунанд, дигареро наҳ мезананд. Як чизи одӣ, агар мисли пашша бошад, ҳангоми ғайбат аз даҳон ба даҳон гузашта, мисли фил калон мешавад. Ба воситаи ғайбати якдигар дар баъзе хонаводаҳо ҷангу ҷанҷол рӯй медиҳад. Як хел оилаҳо вайрон мешаванд. Бо бадгӯйии ғайбатчиён хостгорони духтарҳои нағз аз раъйашон мегарданд. Мабодо тарафи духтар ба пурсуҷӯйи домоди оянда оянду бо ин хел занҳо дучор шаванд, ба бахти ҷавонон зомин мегарданд. Ба назари ман, ғайбат кардани дигарон мисли хоидани устухони якдигар аст. Вақтҳои охир дар байни мардҳо ҳам ғайбату пастзании дигарон авҷ мегирад. Ҳарчанд одам ба воситаи ғайбат бисёр чизҳоро фаҳмида гирад, ки ман худам аз ғайбатчиву ғайбатгӯйӣ безорам. Ба ҷойи ин хел гапфурӯшиҳои беҳуда, беҳбудии зиндагониро мебинам. Китобу газета мехонам. Ба дарс тайёр кардани набераҳо ёрӣ мерасонам. Писарнабераҳоро насиҳат диҳам, ба духтарҳо дӯхтудӯз, пухтупаз ва ё ягон ҳунари дигарро меомӯзонам. Аз ғайбат дида, ин гуна корҳо фоиданок аст.
Ворис МУҚИМОВ, тадбиркор:
– Одам ҳар рӯз хоҳ-­нохоҳ бо чанд кас вомехӯрад, дар маъракаҳо иштирок мекунад, дар сӯҳбату вохӯриҳо ҳамроҳ мешавад. Ман ҳам аъзои ҳамин ҷамъият ҳастам. Дар вақти сӯҳбатҳо дидам, ки сухан аз болои камбудиҳои каси дигар меравад, ин ё он одами ғоибро ғайбат мекунанд, ё паст мезананд, зуд мекӯшам, ки мавзӯи сӯҳбатро ба тарафи дигар гардонам. Наҳзании якдигар чӣ лозим? Барои беҳбудии ахлоқу одоб ё кору зиндагониаш ёрӣ расонда натавонем, чаро бадгӯйӣ мекунем? Ин гапҳо ба гӯши вай одам расад, дилмондагӣ мешавад. Агар мавзӯи сӯҳбат дигар нашавад, бо ягон баҳона аз назди онҳо меравам. Ғайбат кардан ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ нест. Чунки вақти қимати худро бо ғайбат сарф карда, умри кӯтоҳи худро мо боз кӯтоҳтар месозем.
Ғайбату наҳзании якдигар ин чизи нав нест. Ин амал гӯё дар хуни тамоми аҳли башар ҷорист ва таърихи дурударозе дорад.
Профессори таърихи умумиҷаҳонии Университети яҳудӣ дар Исроил Ювал Ной Харари дар китоби илмӣ-­оммавии худ «Sapiens таърихи мухтасари инсоният», дар ин бора, аз ҷумла чунин менависад: «Малакаи нави забоние, ки сапиенсҳо – одамон 70 ҳазор сол қабл соҳиб гардиданд, ба онҳо имкон дод, ки соатҳо ба ғайбаткунӣ машғул шаванд. Дарёфти маълумоти боварибахш дар бораи кӣ ба боварӣ сазовор асту кӣ не, барои ба гурӯҳи калон табдил ёфтани гурӯҳҳои хурд ва дар натиҷа барои ривоҷёбиҳои шаклҳои мураккаб ва зичи ҳамкориҳои сапиенсҳо мусоидат намуд.
Теория (назария)-и ғайбат, эҳтимол ба назар шӯхӣ менамояд, вале таҳқиқотҳои бисёре онро дастгирӣ мекунанд. Ҳатто дар замони ҳозира қисми асосии сӯҳбатҳои мо – номанависиҳо ба воситаи почтаи электронӣ, гуфтугӯҳои телефонӣ, сутунҳои хабару мақолаҳои рӯзномаҳо ғайбатро ташкил мекунанд. Ғайбат кардан барои мо чунон одат шудааст, ки гӯё забони мо барои ҳамин кор таъин гардидааст. Ё шумо гумон мекунед, ки муаллимони таърих ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ сабабҳои саршавии Ҷанги якуми ҷаҳониро муҳокима мекунанд олимони, физик дар танаффуси анҷумани илмӣ оиди мавзӯе баҳс менамоянд? Ҳа, гоҳо мешавад. Вале онҳо бештар дар бораи профессорзане, ки дар вақти хиёнат шавҳарашро доштааст, оиди ҷанҷоли байни мудири кафедра ва декан, инчунин дар бораи он, ки ҳамкасабаашон гранти барои корҳои илмӣ гирифтаашро ба хариди мошини «Лексус» сарф кардааст, ғайбат мекунанд. Ғайбат асосан ба камбудӣ ва амалҳои ношоям нигаронида мешавад. Ғайбатгарон аҷдодони ҳокимияти чаҳорум – журналистҳо ҳам ба ҳисоб мераванд, ки онҳо пешакӣ ба ҷамъият хабар расонида, бо ҳамин роҳ онро аз фиребгарон ва паразитҳо эҳтиёт мекунанд».

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ