Ман аз душман наметарсам

Мурод Маҳдӣ барои дар рӯҳияи ватандӯстиву поксириштӣ, тозагиву беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, худшиносиву худсозии шогирдон ва чун инсони комил ба воя расонидаи онҳо саъю талош меварзад. Дар баробари кори таълиму тарбия, дар лаҳзаҳои фориғ аз ташвишҳои рӯзгор ба даст қалам мегирад ва таровишҳои қалби худро рӯйи коғаз меорад. Дар навиштаҳои ӯ аксаран танқиди норасоиҳои гирду атроф, нотавонбинону бадкирдорон, ки дар ҷамъияти имрӯза бо амалҳои зараровари худ ҳаёти мардумро доғдор месозанд, акс ёфтаанд.

Ман аз фанду фиреби нотавон мурдан намехоҳам,
Ман аз берӯйиҳои «дӯстон» мурдан намехоҳам.
Агар ноогаҳоне марги ман хоҳанд, бигзоред,
Ман аз заҳри забони нокасон мурдан намехоҳам.


Ман аз мурдан наметарсам, ман аз мӯҳтоҷӣ метарсам,
Ман аз фосиқ наметарсам, ман аз он «ҳоҷӣ» метарсам.
Ман аз душман наметарсам,
Ман аз дӯстони нолоиқ, зи ноилоҷӣ метарсам.
Ман аз мӯҳтоҷӣ метарсам.
Марги ногаҳонии чор мард
Якеро кушт, асабҳои тарангаш кушт,
Дигарро завҷаи гӯлу гарангаш кушт,
Савумро бин, забони талху тунду феъли тангаш кушт.
Барои он талоши молу мулку курсию давлат,
Чаҳорумро фурӯши зумра бе фарҳангаш кушт!
Мақолҳо
Заҳри забони нокасон аз заҳри море бештар,
Фанду фиреби нотавон аз макри шайтон пештар.


Худобехабарон аз қаҳри Худо бехабаранд.


Мард касест, ки гуфтору рафтор ва кирдораш як бувад.

М.МАҲДӢ.

 *Он ҳоҷӣ – ин ҷо, ҳоҷиёне, ки дар ин дунё ҳаловат, дар он дунё ҷаннат тамаъ мекунанд.

 **Фарҳанг – ба маънои маънавияту маданият, қадру қимати инсонию меҳру муҳаббати волидону хешу табору дӯстон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ