Далеро, пурҷигар мардо куҷоӣ?

Соли оянда 105-солагии шоири мубориз, навовар ва ҷанговар, ватандӯсту ватандор Ҳабиб Юсуфӣ қайд карда мешавад. Ба ҳамин муносибат алҳол дар матбуоти даврии Тоҷикистону Ӯзбекистон пасопеш мақолаҳо чоп мегарданд.
Бояд гуфт, ки Ҳабиб умри дароз надид. Дар синни бистунӯҳсолагӣ баҳри мудофиаи Ватани азизаш дар майдони ҷанг қаҳрамонона ҳалок гашт. Аммо ӯ дар ҳамин умри кӯтоҳи худ баҳри равнақи адабиёти тоҷик, тарҷима ва танқиди адабӣ мероси бое гузошт, ки ҳар як байту сатри онро хонандаи имрӯза бо эътирофи бузург мутоила мекунад. Чунки Юсуфӣ шеъру мақолаҳои таъсирнок менавишт. Бешубҳа гуфтан метавонем, ки дар нимаи дуюми солҳои сиюми асри гузашта шоире ба чашм намерасид, ки мисли Ҳабиб Юсуфӣ асарҳои баландғоя дар васфи Ватан ва халқи меҳнаткаш гуфта бошад. Чунки, Ҳабибулло ишқи Ватан, меҳри Ватан ё инки ватандӯстиву ватандориро ба ҷисму ҷонаш ҷо карда буд.
Агар аксарияти шоирони ҳамон давр мавзӯъи Ватанро танҳо дар солҳои ҷанг шиори худ карда бошанд, Ҳабиби мо ин мавзӯъро аз наврасӣ ва ҷавонӣ меписандиду аввалин шеъри худро бо унвони «Ишқи Ватан» эълон намуд. Аҷибаш дар он аст, ки маҷмӯъаи нахустини шеърҳояш, ки соли 1936 нашриёти давлатии Тоҷикистон чоп кардааст, низ «Таронаҳои Ватан» номгузорӣ шуда буд. Гуфтани ҳастем, ки Ватан дар мағз-­мағзи дилу ҷони шоир ҷо гирифта буд. Вақте ки ин шоири диловар хабари нохуши ҷангро шунид, чашмони тезу дурбинаш гӯё шарора баровард. Ин ҳолати шоирро олими адабиётшинос, шодравон профессор Холиқ Мирзозода дар яке аз хотираҳояш чунин ишора кардааст.
«…Хабари сар шудани ҷанг ҳамаи моро ғазаболуд кард. Ҳабиб аз ин хеле оташин шуд ва шеъри пурҳарорати «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар»-и худро худи ҳамон соат бадеҳаттан навишта буд.»
Ҳабиб Юсуфӣ шоири ҳақиқии халқу Ватани азизаш буд. Ин аст, ки ӯ дар солҳои пеш аз ҷанг пасупеш шеърҳои оташин навишта ғазаби мардумро нисбат ба душман дучанд гардонид.
«Куҷо рӯбоҳро тоқати ҷанги шер», «Ба Ватан», «Ин Ватан зинда дар ҷаҳон монд», «Ватани дил», «Интиқом», «Ба гитлерзодагон амон нест», «Ба ҳар куҷот равам дил диёри ман гӯяд», «Баробар мешавӣ бо ман», «Тфу бар ту, эй гурги малъун, тфу», «Қаҳрамонхалқро зи мо пурсед» – ин қабил шеърҳои саршори эҳтирос зуд-­зуд дар матбуоти даврӣ чоп мешуданд.
Худи Ҳабиб Юсуфӣ бисёр мехост, ки ба майдони ҷанг раваду қаҳрамонию ҷонфидоиҳои худро дар муҳорибаҳо нишон диҳад. Аммо ӯ аз ҷониби ҳукумат «брон», яъне нигоҳ дошташуда буд. Зеро, дар ақибгоҳ низ шахсони зиёӣ, маърифатнок лозим буданд. Аз инҷост шоир қаламро ба шамшер табдил дода, бо шеърҳои ватандорию ватанхоҳӣ нафрати лашкарони моро нисбат ба душмани ғаддор дучанд мекард. Нигаред ба ин мисраҳо, ки қаламро то чи андоза моҳирона ба зидди душман чун тир тасвир кардааст:
Бо хасми ту ҷанг бо қалам хоҳам кард,
Бо зӯри қалам, қалам-­қалам хоҳам кард.
Ё ки:
Чанд вақтест, ки бо амри Ватан,
Тир ҷои қалам гирифтам ман.
Мекунам хасми худро нобуд,
Ҳамчунон ваъда кардаам худ.

Ё ки:
Бигираму бигузорам, қалам бигзор,
Бигир теғу ба фарқи адӯ бизан – гӯяд
.
Ё ки:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама бештар Ватан гӯяд!

Ҳабиб Юсуфӣ нависандаи бузурги рус Максим Горкий ва асарҳои ӯро хеле меписандид. Аз навиштаҳои ин адиби забардаст илҳом гирифта, байту мисраҳои ватанхоҳӣ эҷод мекард. Чунончи:
Устод маро Горкии шамшерқалам,
Дар даст маро ба ҷои шамшер қалам.
Ҷангам ба Ватан муқобил ар шер ояд,
Гардад, ман агар теғ кашам шер қалам
.
Бале, Ҳабиби мо ҳарчанд ҷавон бошад ҳам ин қабил шеърҳои оташин ва ватанпарварона навишта, дар охири солҳои сиюм ва ибтидои солҳои чилуми асри гузашта дар байни адибон ҳамчун мунаққиди тезбину ҳақиқатнигор шӯҳрат ёфта буд. Зеро, ӯ жанрҳои адабӣ, мазмуну мундариҷа ва сохти композитсияи шеъри он даврро ба хубӣ медонист. Худ дар шеърҳояш лирикаи гражданӣ ва садоқату муҳаббати ҳақиқии инсониро тавсиф мекард. Аз ин рӯ шеъру достонҳои бемазмуну беғоя ва мисраҳояш ночаспони баъзе шоирони даври худро нотарсона зери танқид мегирифт. Таъкид мекард, ки шеъри имрӯза мазмун, мундариҷа ва ғояи аниқи пуртаъсир дошта бошад. Чуноне ки шоир дар мақолаи мубоҳисавии худ «Барои поэзияи муносиби давр!» камбудиҳои достонсароии ҳамсолони худро танқид карда, аз ҷумла норасоиҳои поэмаи «Гулнома»-и шоири назарраси ҳамон давр Муҳаммадҷон Раҳимиро нишон дода мегӯяд:
Дил, навишт номае барои Бахтиёр гул.
Ки баҳри интихоби мо расида мавҷдор гул.
«Ин шеър аз ҳафтод мисра иборат аст ва радифи «Гул» қариб шаст маротиба такрор мешавад. Бинобар ин шоир худро «ғулом»-и радифи «гул»кардааст…» (Нигаред Ҳ. Шодиқулов. «Сатрҳои нотамом» – қ.2.)
Мисоли дигар, Юсуфӣ дар мақолаи танқидии «Боз як чанд калима дар бораи поэзияи имрӯзаи мо» дар бораи камбудию норасоиҳои поэзияи ҳамон давр чунин гуфтааст.
«Ғайр аз ин бисёр камбудиҳое, ки дар эҷодиёти рафиқ Аминзода, Суҳайлӣ ва дигарон дида мешавад, дар пешқадамтарин шоирони ҷавони мо, рафиқон Деҳотӣ, Турсунзода, Раҳимӣ низ мавҷуданд. Дар масъалаи схематизм ва умумиҷӯӣ шеърҳои рафиқ М. Раҳимӣ ва Суҳайлӣ, инчунин як қисми шеърҳои Аминзода ва Турсунзода дар ҷои якум меистад. Мана нигаред баҳорро Турсунзода чи гуна тасвир кардааст:
Парда бикшод баҳор аз рухи зебоманзар,
Баст сармои зимистон зи Ватан рахти сафар.
Булбули маст ба шохи гули бишкуфтаи боғ,
Месарояд ба дили шод, ба ҳангоми саҳар.

Ин гуна гапҳо магар ягон манзараи баҳори конкрет – баҳори Тоҷикистонро дар пеши назар меорад, албатта не!» –гуфта буд Юсуфӣ дар мақолаи худ.
Гуфтан ҷоиз аст, ки шоири ҳақгӯву ҳақҷӯ ва ватанпарвар дар мақолаҳои мунозаравии худ баробари нашъунамо ёфтани эҷодиёти шоирони даври худ, инчунин норасоиҳои асосии асарҳои онҳоро рӯи рост нотарсона фош мекунад. Ин аст, ки ба ин қабил мақолаҳои баҳсноки ӯ баъзе муаллифон бо назари душманӣ менигаранд. Онҳо ба суханҳои Юсуфӣ бадбинона, бо ғараз баҳо медиҳанд. Ин ҳолатро баъдтар шоири ҳақҷӯ Саидали Маъмур чунин ба қалам овардааст.
Шоире дар маҷлиси ӯ менишаст,
Буд бо Юсуфӣ ҳамсин, ҳамқалам.
Ҳар гаҳе карданд тавсифи Ҳабиб,
Оҳи пурдарде кашид ӯ бо алам.

Шарикдарси шоир – олими кӯҳансоли илми забоншиносӣ, шодравон Раҳмон Эгамбердиев чунин нақл карда буд:
«Юсуфӣ бори аввал ба ҳавопаймо нишаста, барои муҳокимаи мақолаи танқидие, ки «Баҳр дар пиёла», ном дошт, ба Сталинобод (Тоҷикистони имрӯза) мерафт. Ӯ баъди ба ҳаво бардошта шудани ин ҷисми оҳанин дар ҳайрат монда, ба тараққиёти техникаи он давра қойил шуда, худи ҳамон соат шеъри машҳури «Як замон аз паҳлуи шамсу қамар ҳам бигзарем»-и худро бадеҳатан навишта буд. Ӯ ҳамон рӯз ба муҳокимаи мақола чанд соат дер монда меравад. Дар назди бинои иттифоқи нависандагон адибоне, ки ба танқиди ӯ дучор шуда буданд, бо қаҳру ғазаб интизорӣ мекашиданд. Вақте ки Ҳабиб бо салому алейк аз назди онҳо мегузашт, яке аз он аламзадаҳо бо истеҳзо, «Мана Белинскии даврони мо омаданд»-мегӯяд. (Танҳо Белинский Пушкинро танқид карда буд. Ҳ.Ҷ.) Юсуфии ҳозирҷавоб мегӯяд: «Пушкини мо, ки дар ин ҷо ҳаст, албатта Белинский ҳам ҳозир мешавад-­дия». Ин чунин маъно дорад. Ту, ки Пушкин барин шоири машҳур шудан натавонистӣ, ман чи тавр мисли Белинский танқидчии бузург мешавам».
Ин аст, ки рақибони Ҳабиб Юсуфӣ мудом аз пайи иғвогарию нотавонбинӣ мешуданд. Дар ҳамин ҷо гуфтан ҷоиз аст, ки шоир калимаи «хасм», «душман», «адӯ» ва монанди инҳоро ба фашистон равона карда бошад, калимаҳои «рақиб» ва «ағёр»-ро ба ҳамон шахсоне, ки ӯро чашми дидан надоштанд ва ба эҷодиёташ бо бухлу бахилӣ менигаристанд, нисбат додааст. Чунончи:
Ин дил на чунон дил, ки зи сахтӣ тарсад,
В‑аз зарби рақибони сияҳрӯ тарсад.


Ёрам чу туӣ, маро зи ағёр чӣ ғам,
Аз макри рақиби зишту беор чи ғам.


Ман шоири навҷӯву маддоҳ наям,
Монанди рақиб зишту бадхоҳ наям.


Рақиб ба чоҳи ғам уфтоду гуфт бардор,
Дуош кардаму гуфтам, Худо-­т бардорад.

Он солҳо, мақолаҳо дар бораи назарияи тарҷима ягон-­ягон ба чашм мерасид, ё гуфта метавонем, ки ин назария дар адабиёти тоҷик вуҷуд надошт. Адибе пайдо намешуд, ки асарҳои шоиру нависандагони рус ва хориҷаро ба забони модарӣ баргардонад. Инро танҳо Ҳабиб Юсуфии мо ӯҳда кардан тавонисту халос. Чунки ӯ аз забони русӣ дониши баланд дошт. Аз ин боис тахмин бояд кард, ки Юсуфӣ ин забонро аз даври кӯдакию наврасӣ хуб аз бар карда буд. Чунки он давр дар Самарқанд мактабҳои русӣ вуҷуд дошт, мумкин Ҳабиби ҷавон аз онҳо баҳравар шуда бошад. Ҳамин асос шуда метавонад, ки ӯ дар як вақти муайян бо асарҳои шоирони рус шинос шуд ва барои ба забони тоҷикӣ баргардонидани онҳо камари ҳиммат баст. Инак дар муддати хеле кӯтоҳ шеъру достонҳои Пушкин, Лермонтов, Есенин, Маяковский ва чанде дигарро ба забони тоҷикӣ тарҷима кард. Ҳатто тарҷимаи романи «Ман писари халқи ранҷбар»-и Валентин Каттаев низ ба қалами сеҳрноки ӯ мансуб буд. Аз ин гуфтаниҳо бояд фаҳмид, ки Юсуфӣ жанри тарбияро ба пояи баланд бардош ва ҳатто ба комёбиҳои Лоҳутӣ, Деҳотӣ, Аминзода ва Раҳимиҳо ҳиссаи калони худро гузошт.
Чуноне, ки дар боло гуфтем, ин пешравиҳои шоирро душманони гирду атрофаш дидан намехостанд, аммо Юсуфӣ ба таҳқиру кинояҳои онҳо парвое накарда, барои пешравии адабиёти тоҷик шеърҳои пурмаҳовбат эҷод мекард. Дар онҳо Ватани азизу меҳри диёри зебоманзарашро талқин мекард. Вақте, ки ҷанг сар шуд, шеърҳои ватанпарваронаи ӯ дучанд зиёд шуданд. Дар ҳар байту сатрҳояш калимаи «Ватан» бо эҳтирос баланд садо медод. Дигархелтар гӯем, Юсуфӣ Ватанро қалбан бо ҷону дили пурҳарораташ ҳис мекард. Ӯ тамоми вуҷудашро ба Ватан бахшида буд. Ин аст, ки дар эҷодиёти шоир чунин мисраҳои оташин баръало садо медоданд:
Ин дил ба Ватан шерписар хоҳад шуд,


Гар Ватан дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон!


Ман на танҳо дил, тану ҷонам фидоят мекунам.


Ватан – ҷони ман ҳам ҷаҳони ман.


Ин дил қурбони сари Ватан шудан мехоҳад.
Ҷанг бо шиддат давом мекард. Душман пасу пеш шаҳру вилоятҳоро оташ мезад. Дар қалби Юсуфӣ ҳисси ватандӯстӣ туғён заду ихтиёрӣ ба майдони ҷанг рафт. Ин албатта тасодуфӣ буд. Чунки баъзе адибоне, ки ба танқидҳои ҳаққонии ӯ дучор шуда буданд, айнан ҳамин ҳолатро мехостанд.
Ҳамин тариқ фасли зимистони соли 1942 шоири маҳбуби мо ба майдони ҷанг баҳри мудофиаи Ватани азизаш рафт. Ҳабибулло Юсуфӣ мудом дар хатти пеши фронт буда, ба дӯс­тони самарқандияш даҳҳо мактубҳо фиристода, ба ғалабаи бузург умеди калон доштани худро баён кардааст. Аз ҷумла ба устод Айнӣ менависад: «…Умедворам, ки ҷанги Ватаниро бо ғалаба тамом карда, соғу саломат ба хизмати адабиёти тоҷик бармегардам.»
Ё ки ба аъзоёни оилааш мегӯяд: «…Ба ояндаи наздик ба дидори ҳамдигар мушарраф мешавем.»
Ва ба Мирзозода менависад: «…Умеди бузург дорам, ки муҳаббати беинтиҳои халқи тоҷик ва дӯстон маро саломат ба пости адабии худ бармегардонанд.»
Баробари ин дӯстони ҷониаш бисёр мехостанд, ки ӯро илоҷе карда аз майдони ҷанг баргардонанду вай ба хизмати адабиёти тоҷик камар бандад. Масалан, ба яке аз мактубҳои ба устод Айнӣ навиштааш чунин гуфта буд: «…Ба ман хабар расид, ки баъзе аз рафиқон хостанд, ки маро аз майдони ҷанг ба ақиб, яъне ба хона кашанд. Ман аз онҳо бисёр мамнун, вале аз Шумо хоҳиш мекунам, ба онҳо расонед, ки роҳи ман ба сӯи Ватан фақат аз тариқи Берлин аст» ё ки «Ман шунидам, ки баъзе рафиқон барои маро аз фронт ба Сталинобод ба кор овардан кӯшиш мекунанд. Ман аз онҳо бисёр миннатдор ҳас­там, вале хоҳиш мекунам, ба онҳо расонед, ки роҳи ман ба Сталинобод бо роҳи Берлин хоҳад шуд» – гуфта буд дар яке аз мактубҳояш, ки ба Мирзозода фиристода буд.
Ин гуна хоҳиш ва талабҳо аз ҷониби дӯстони ӯ бисёр гуфта шуд, аммо кас ҳайрон мешавад, ки сарварони ҳамонвақтаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ё филиали тоҷикистонии институти таърих, забон ва адабиёти АФ СССР чаро ин қадар пешниҳодҳоро ба хотир наоварданду хомӯш монданд. Ё баъзе аз он ағёрону нотавонбинон, ки шоир борҳо ба шеърҳояш ишорат карда буд, барои аз фронт баргардонидани Юсуфии диловар қасдан ҳаракат накарданд? Ин аст, ки халқи тоҷик шоири навҷӯву диловару муборизи худро талаф дод. Аз марги бармаҳали ӯ хеле ғамгин гашта, то имрӯз афсӯс мехӯранду оби дида мерезанд. Аниқтараш, фасли зимистони соли 1942 ба майдони ҷанг баҳри мудофиаи Ватани азизаш рафт. Унвони ҳарбии лейтенантро гирифт. Ҳамчун командири артилерии миномиётчиён дар ҷангҳои нобаробари Украина, Белорусия, Эстония, Москва, Ленинград қаҳрамониҳо нишон дода, ба ордени «Ситораи сурх» соҳиб гашт. Гуфтани ҳастем, ки Юсуфӣ шеърҳои пурҳарорати ба Ватан бахшидаашро бо иштироки бевоситаи худ дар ҷанггоҳҳои зидди фашизм амалан исбот кард. Чун гуфтаи худ «душмани ғаддор»-ро бо тиру туфанг ва қалами буррояш қалам-­қалам кард. Аммо тири душман ӯро бори дуюм захмин карда ба хок ғалтонд.
2-юми феврали соли охири ҷанг ҳамагӣ се моҳ пеш аз ғалаба дар яке аз ҷангҳои назди Варшава дили бузургаш аз тапиш монду хуни ӯ барфи сафеди зимистонро рангин кард. Пеш аз ҷон додан бо лабони ларзон байти машҳури Шайх Саъдӣ, ки шиори доимии ӯ буд, ки пичирросзанон гуфт:
Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-­андар миёни хоку хун бинӣ саре
.

Ҳамза ҶӮРА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ