Навҷавони ҳиндустонӣ дар синни 14 донишгоҳро хатм кард


Агастиа Ҷайсвал дар синни 14 донишгоҳи Усмони Ҳайдарободи Ҳиндустонро хатм кард. Дар ин бора рӯзномаи Newsflare навиштааст.
Ӯ аз рӯи ихтисоси иртибототи умумӣ ва рӯзноманигорӣ соҳиби дипломи бакалавр шуд.
Навраси ҳайдарободӣ нахустин нафарест, ки дар ин синну сол донишгоҳро хатм кардааст.
Ёдовар мешавем, соли 2019 дар ИМА як навраси 14-сола унвони магистрро гирифта буд. Номи ин истеъдод Келтон Костис буда, ӯ дар синни 9 ба донишгоҳи Белвю дохил мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ