Дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон сарнайзаи дорои таърихи беш аз 5000-сола ёфт гардид

Аз маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнайзаи дорои таърихи беш аз 5000-сола ёфт гардид. Дар ин бора маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ, сарнайзаи беш аз панҷҳазорсола баъди бозёфту таҳқиқ ва пажӯҳиши ҳамаҷонибаи кормандони Институти таърих, археология ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ба Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб» супорида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ