Ӯзбекистон дар феҳристи моҳи ноябри ФИФА дар паллаи 85-ум ҷой гирифт


ФИФА феҳристи моҳи ноябри ҷамоаҳои миллиро мунташир кард.
Ҷамоаи миллии Ӯзбекистон дар феҳристи нав дар паллаи 85-ум ҷойгир шуд. Як моҳ пеш Ӯзбекистон дар паллаи 84-ум буд.
Шогирдони Вадим Абрамов дар моҳи ноябр ду бозӣ баргузор карданд. Дар бозии аввал футболбозони мо аз Сурия бо натиҷаи 0 бар 1 мағлуб шуданд. Дар бозии баъдӣ, ки рақиб Ироқ буд, боз мағлубият насиби мо шуд – 1-2. Ин ду мағлубият боиси як палла поин омадани Ӯзбекистон дар феҳристи нави ФИФА гардид.
Дар миёни кишварҳои Осиё Ӯзбекистон дар ҷойи 12-ум қарор дорад.
Нахустин даҳгонаи феҳристи ФИФА ба ин тартиб аст:

  1. Белгия – 1780 хол;
  2. Фаронса – 1755 хол;
  3. Бразилия – 1743 хол;
  4. Англия – 1670 хол;
  5. Португалия – 1662 хол;
  6. Испания – 1645 хол;
  7. Аргентина – 1642 хол;
  8. Уругвай – 1639 хол;
  9. Мексика – 1632 хол;
  10. Италия – 1625 хол.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ