Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, “Динамо” ба Суперлига…


Ҷамоаи “Динамо” имрӯз дар бозии охирини мавсими навбатии Про-лига дар Ғузор “Шӯртан”-ро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб кард. Голҳои Амирҷон Сафаров ва Шоҳрух Абдураҳмонов дар ин бозӣ ғалабаи “Динамо”-ро таъмин кард. Ин ғалаба ба самарқандиён паллаи савуми Про-лигаро тақдим кард. Аммо, танҳо паллаҳои якум ва дувуми Про-лига ба Суперлига роҳхат медиҳанд, паллаи якум мустақим, паллаи дувум тавассути бозии иловагӣ. Инак, “Динамо” паиҳам 2 сол дар лигаи поин бозӣ хоҳад кард. Қаблан, “Динамо” дар як мавсим роҳхатро ба лигаи олӣ нақд мекард. Ҳарчанд, ки бори охир баргашти “Динамо” ба Суперлига “тӯҳфа”-и федератсияи футбол буд. Боиси афсӯс аст, ки дар як шаҳри бузурги кишвар намешавад, як ҷамоаи рақобатпазир дар лигаи олӣ ҷамъ шавад, ҳатто аз ҳисоби иқтидору истеъдодҳои маҳаллӣ.
Аммо дунё бо умед аст. Боз орзу мекунем, ки як ҷамоаи хубе мисли солҳои 1999-2000 дар Самарқанд ҷамъ меояд бо мақсадҳои калон, на бо ҳадафи вуҷуд доштан.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ