Трамп омодагиро ба интихоботи соли 2024 оғоз кардааст


Расонаҳои хабарии ҷаҳон дар бораи омодагии Доналд Трамп ба интихоботи соли 2024 менависанд.
Бино ба хабари «The Daily Beast», вақте, ки ғалабаи Ҷо Байден дар интихоботи гузашта ба сурати расмӣ тасдиқ мешавад, Трамп дар охири моҳи январ дар бораи иштироки худ дар интихоботи раисҷумҳурии соли 2024 маълум мекунад.
Маросими савганд ёд кардани раисҷумҳури нави ИМА рӯзи 20 январи соли 2021 барпо хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 3 ноябр интихоботи раисҷумҳурии ИМА баргузор шуд. Дар он Ҷозеф Байден пирӯзиро ба даст овард. Вале, ғалабаи ӯ ба сурати расмӣ тасдиқ нашудааст, чун, Трамп ба додгоҳ (суд) шикоят кард, ки дар баъзе минтақаҳо ҳангоми интихобот сохтакориҳо рух додааст. Ин ҷараён ҳанӯз комилан ба поён нарасидааст.
Рӯзи 14 декабр маҷлиси гурӯҳи интихобкунандагони ИМА баргузор мешавад ва дар он раисҷумҳури нав эълон мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ