Дар Ургут шахсеро, ки пули сохта “истеҳсол” мекард, боздошт карданд


Як сокини маҳаллаи Қолдувойҷари ноҳияи Ургут, ки дар хонаи худ бо истифода аз принтер 100-ҳазор сӯмиҳои сохта “истеҳсол” мекард, боздошт шуд.
Ӯро дар натиҷаи амалиёти махсуси кормандони пулис ва хадамоти амнияти давлатӣ боздошт карданд.
Дар пайи амалиёт маълум шуд, ки яке аз хешовандони боздоштшуда низ дар хонаи худ пулҳои сохта ба арзиши 3,5 миллион сӯм нигоҳ медошт.
Тафтишот идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ