«Нон – неъмати бебаҳо!»

Чунин ном дошт, тадбире, ки дар мактаби мо дар доираи моҳонаи фанни забони русӣ бо иштироки хонандагон доир гардид.
Дар оғози тадбир зикр гашт, ки дар доираи моҳона тадбирҳои фарҳангиву адабӣ ва илмиву амалӣ ташкил гардиданд. Инчунин, аз ҷониби омӯзгорони фанни забони русӣ дар асоси технологияҳои ахборӣ ва мултимедӣ, усулҳои ноанъанавӣ дарсҳои кушод ташкил ва иштироки фаъоли хонандагон таъмин карда шуд.
Инчунин, омӯзгорон бо ҳам таҷриба иваз карда, дар мавзӯъҳои гуногун перомуни омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки дар ин самт қабул гардидаанд, мазмуну моҳияти онҳо, имкониятҳое, ки барои омӯзгорони фанни забони русӣ фароҳам гардидааст, методҳои ноанъанавӣ ва аҳамияти онҳо дар ҷараёни таълим фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ хонандагони синфҳои 2-«А», 2-«В», 3-«Б», 3-«В» ва 4-«А» дар бораи нон бо забони русӣ шеърҳо қироат карда, саҳначаҳо гузоштанд ва бозиҳои шавқовар шуданд. Инчунин, доир ба тарзи омода кардани ин неъмати азиз, навъҳои он соҳиби маълумот гардиданд.
Нодира СИРОҶЕВА, омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 38-и шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ