Нархи сайёраи Замин чанд пул?

Грег Лафлин, олими астрофизики донишгоҳи Калифорнияи ИМА бар асоси формулае, ки худаш таҳия кард, арзиши тахминии сайёраи Заминро ҳисоб кард. Ба гуфтаи Лафлин, нархи Замин 5 квадратриллион доллар аст.
Бино ба хабари “Mail Online”, ҳангоми ҳисоб-китоби нархи сайёра вазн, ҳарорат, сол ва дигар омилҳову дороиҳои он барои зиндагӣ кардан ба назар гирифта шудааст.
Олим мегӯяд, ки Замин қиматтарини сайёраҳо аст. Барои муқоиса, нархи Миррих 16 ҳазор доллар аст. Имконнопазир будани зиндагӣ дар сайёраи сурх боиси арзонии нархи он мебошад.
Нархи сайёраи Зуҳро ҳамагӣ 1 сент аст.
Аз назари Лафлин, ҳар сайёрае, ки ҳадди ақал 80.000.000 доллар арзиш дорад, имкони хонаи нави одамон шуданро дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ