Сарварони Ӯзбекистон ва Русия сӯҳбати телефониро анҷом доданд


Имрӯз, 30 ноябр Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин, сарони Ӯзбекистон ва Русия сӯҳбати телефониро анҷом доданд.
Бино ба хабари маркази матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, дар мулоқот масъалаҳои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ шуд.
Ҳамчунин, онҳо дар бораи омодагӣ ба нишасти ИДМ дар моҳи декабр, ки дар шакли видеоконфронс барпо мегардад, табодули афкор карданд.
Сарварони ду кишвар бо мамнунӣ таъкид карданд, ки бо вуҷуди буҳрони иқтисодӣ, ки натиҷаи пандемия аст, робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Ӯзбекистон ва Русия бо суръати барқарор рушд мекунад.
Дар мулоқот дигар мавзӯъҳои муҳимми рӯз низ баррасӣ гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ