Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Истифодаи беназорати антибиотикҳо боиси пандемияи нав хоҳад шуд


Мелита Вуйнович, намояндаи созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Русия дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон гуфт, ки истифодаи беназорати антибиотикҳо ва доруҳои зиддивирусӣ метавонад боиси пандемияи нави хавфноктар аз коронавирус шавад. Дар ин бора Регнум хабар дод.
Вуйнович гуфт, “Мо агар имрӯз антибиотикҳоро бо эҳтиёткорӣ истифода накунем, яъне бе тавсияи шифокоре, ки бояд зарур будан ё набудани онҳоро бо диққат таҳлил кунад, баъди коронавирус мо шояд бо пандемияи бадтаре рӯбарӯ шавем”.
Ба гуфтаи ӯ, “ин пандемияи микроорганизмҳои пойдор ба антибиотик ва доруҳои зиддивирусӣ хоҳад буд”.
Ба назари ӯ, дар чунин ҳолат одамон барои муолиҷаи бемориҳои сирояткунанда доруе дар даст нахоҳанд дошт, зеро антибиотикҳо баъди истифодаи густурдаи беназорат дар даври пандемия бесамар хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, Вуйнович афзуд, ки одамон бояд зиндагӣ бо коронавирусро ёд бигиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ