Ҳабиб дар Тошканд


Ҳабиб Нурмагомедов, намояндаи машҳури UFC, имрӯз, 1 декабр меҳмони Ӯзбекистон аст. Дар ин бора qalampir.uz хабар дод.
Имрӯз баъди пешин дар кумитаи миллии Олимпияи Ӯзбекистон (КМОӮ) бо иштироки Ҳабиб Нурмагомедов нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Рустам Шоабдураҳмонов, раиси КМОӮ, Сакен Полатов, муовини ӯ ва саркотиб Ойбек Қосимов дар назди бинои кумита Нурмагомедовро пешвоз гирифтанд.
Дар мусоҳибаи матбуотӣ Отабек Умаров, муовини раиси анҷумани ММА ва федератсияи триатлони Ӯзбекистон низ иштирок кард.
Ҳамчунин, меҳмони ифтихорӣ аз музейи КМОӮ боздид кард ва дар китоби меҳмонони ифтихорӣ имзо гузошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ