Парвариши навъҳои серҳосили помидор

Як сол аст, ки дар ноҳияи Пастдарғам гармхонаи замонавии 4 гектара дар заминаи технологияҳои нав фаъолият дорад.
Гармхонаро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Туркистон мева» ташкил карда, дар он 20 нафар коргар навъҳои серҳосил ва содиротшавандаи бодиринг, қаланфури булғорӣ ва помидорро парвариш мекунанд.
– Аз филиали вилоятии «Саноатқурилишбанк» 2 миллион доллари амрикоӣ кредит гирифта, корро сар кардем, – гуфт идоракунандаи ҷамъият Фирӯз Абдуллоев. – Бо таҷҳизоти замонавӣ ва сарфакоре, ки аз Кореяи Ҷанубӣ оварда шудаанд, ҳар як ниҳол парвариш карда мешавад. Парвардаҳое, ки моҳи июл корида будем, ҳоло ба ҳосил даромаданд. Аз ҳосили нахустин қариб 5 тонна маҳсулотро ба бозори дохилӣ расонида, 33 тоннаи онро ба Қазоқистон экспорт кардем.
Инчунин, ба қарибӣ ҳосили бодиринг ва қаламфури булғориро низ мегирем.

Б.МУСТАНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ