Дар Самарқанд чӣ қадар картошка мерасонанд?

Солҳои охир Президенти мамлакат ва ҳукуматамон аз рӯйи ривоҷи парвариши картошка ва маҳалликунони навъҳои серҳосили он ба ҳаёт лоиҳаҳои истиқболнокро татбиқ мекунанд.
Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои Қарори Президент таҳти рақами ҚП‑4704 аз 6-уми майи соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои дар мамлакат васеъкунонии парвариши картошка ва боз ҳам ривоҷдиҳии тухмирасонӣ» дар вилояти Самарқанд ҳам тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Соли 2020 дар 9414 гектар замини вилоят «Пекас», «Гала», «Фонтане», «Эвалбшн», «Аризона» барин навъи R1- и картошка кишта, ҷамъ овардани беш аз 131557 тонна ҳосил ба нақша гирифта шуд. Дар асоси гузаронидани апробатсия, дар майдонҳо киштани навъ ва дурагайҳои картошкаи ба реестри давлатии дар ҳудуди ҷумҳурият тавсиягардида Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 4-уми октябри соли 2019, «Нишондоди услубӣ оиди дар майдонҳо парвариши тухмии картошка» назорати мақомоти нозирот гирифта шудааст.
– Садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия» бо иштироки ходимони садорати ҳудудии корхонаи давлатии «Маркази ривоҷдиҳии тухмирасонӣ», мутахассисони шӯъбаҳои хоҷагии қишлоқи ноҳияҳо дар майдонҳое, ки картошка кишт кардаанд, апробатсия гузаронд.
Соли 2020 аз ҷониби 15 хоҷагии фермерии тобеи агрофирмаи ҳудуди ноҳияи Булунғур дар 2201 гектар замин тухмии картошка кишт шуда, 44020 тонна картошка ҷамъоварӣ гардид. Барои ҳосили соли 2021 4572 тонна тухмии картошка ҷамъ гардид. Дар 304 –то хоҷагии фермерии ноҳияи Самарқанд дар 356 гектар майдон тухмии картошка кишта, 3916 тонна картошка расонда шуд.
Бино ба натиҷаҳои апробатсия тухмии картошкаи дар 801 гектар майдон расондашуда коршоям шуморида шуд ва 11150 тонна тухмӣ ҷамъ оварда мешавад, – гуфт сарнозири шӯъбаи тухмирасонии зироати хоҷагии қишлоқ ва назорати Садорати вилоятии нозирот Хушнуд Нурбеков.

Хизмати ахбори Садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ