Мо ҳама баробарем!

Ҳар сол 3-юми декабр дар тамоми дунё, аз ҷумла дар мамлакати мо Рӯзи байналмилалии ногироён пешвоз гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки ҳоло дар ҷаҳон беш аз як миллиард маъюбон ба қайд гирифта шудаанд, ки он беш аз 15 фоизи аҳолии рӯи Заминро ташкил медиҳад.
Бо маълумоти СММ, ин қишри ҷомеа баъзан аз неъматҳои асосии баробарҳуқуқӣ, ба монанди таҳсил, кор, ҳифзи саломатӣ ва дастгирии ҳуқуқӣ дур мемонанд. Аз ин рӯ, 3-юми декабр ба хотири бештар равона намудани диққати аҳли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон, ҳифзи эътибор, ҳуқуқ ва муваффақиятҳои онҳо ва иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии ногироён таҷлил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати кишвари мо ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз тамоми талош­ҳои ҳукумати кишвар баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Бахусус, дар солҳои охир дар ин самт чорабиниҳои амиқ андешида шуд.
Дар асоси Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми дастгирии давлатии ногироён» аз 1-уми декабри соли 2017, ҳамчунин қарор «Дар бораи ба роҳ мондани чорабиниҳо бобати рағбатноксозии бошуғл таъминкунии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ» аз 11-уми июни соли 2018 бино бар пурзӯр кардани ҳифзи иҷтимоии ногироён, бо манзил таъмин кардани онҳо, ҳамчунин имтиёзҳо ҳангоми истифода аз хизматҳои тиббӣ вазифаҳои нав муайян гардиданд.
Инчунин, соли ҷорӣ дар ҷамъомади умумии ҳафтуми Сенати Олий Маҷлис сенаторон Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳуқуқи шахсони ногироидошта»-ро тасдиқ карданд. 15-уми октябр сарвари давлат ба Қонуни мазкур имзо гузошт.
Дар ин қонун як қатор тамоилҳо, аз қабили эҳтироми шаъну эътибори шахсони ногиро, мустақилияти шахсии онҳо, озодии интихоб, роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ оид ба нишонаи маъюбӣ, баробарии имкониятҳо дар татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон, эҳтироми қобилиятҳои инкишофёбандаи кӯдакони маъюб ва ҳуқуқи онҳо барои ҳифзи фардияти онҳо, ташкили иншоот ва хидматҳо дар ҳолати қулай барои шахсони ногироидошта, ҷалби чунин шахсон ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа ва давлат эътибори алоҳида дода шудааст.
Тибқи Қонун, шахсони маъюбӣ дошта ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба таври инфиродӣ ё дастҷамъӣ муроҷиат кунанд. Ин ҳуқуқ истифодаи забони имову ишора ва хидматҳои сурдотарҷумаро пешбинӣ мекунад.
Ғайр аз ин, дар асоси қонун фаъолияти комиссияҳои экспертии тиббӣ ва иҷтимоӣ такмил дода шудааст. Муоина дар давоми 10 рӯз аз санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои тиббӣ бепул аст.
Бояд зикр намуд, ки бахшида ба ин рӯз бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ ва сохторҳои давлатӣ барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ бо иштироки ҳунармандоне, ки имконияти маҳдуд доранд, доир мегарданд.

Дар доираи мавзӯъ
Дар натиҷаи чораву тадбирҳои реабилитатсионие, ки тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ амалӣ гардиданд, дар 370 ҳолат шахси ногироидошта қисман реабилитатсия карда шуд, дар 306 ҳолат саломатияшон комилан барқарор гардид.
Дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 дар марказҳои ҳудудӣ ва миллии реабилитатсионии вилоят 318 нафар шахсони ногироидошта табобат карда шуданд. Аз онҳо саломатии 20 нафар қисман ва сиҳатии 11 нафар комилан беҳ гардид.
390 нафар шаҳрванд бо аробачаи ногироӣ таъмин гардид. Ба 642 нафар воситаҳои техникии реабилитатсионӣ, ба 294 нафар бошад маҳсулоти протезӣ-ортопедӣ дода шуд.

Хизмати матбуоти
Садорати ҳифзи тандурустии вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ