Бузургмарде бо номи Илҳом

«Дар оилаи хубе таваллуд шудам. Падар ва модарам одамони боинсофу обрӯнок буданд. Мактаби аъло, пеш аз он боғча ва кӯдакистон буд.
Волейбол, китобҳо, гитара, нишастҳои мактабӣ, хулоса, ҳамааш чун дар онҳое, ки қисмат дар оилаи хубе, таваллуд шуданро насиб кардааст.
Донишҷӯй, хизмати ҳарбӣ, аспирантура, ҳимояи рисолаи номзадӣ, кор, кор, кор… хонаи худ, ҳамсар, писар ва духтар.
Дунё дидам. Дар он сӯи экватор будам, дар ҳамаи уқёнусҳо оббозӣ кардам.
Хондам, фикр кардам, сохтам ва харидам, то ки ба воситаи таҷрибаи ҳаёт ҷамъияти одамони тозагии виҷдонашон баробарро ташкил кунам.

Илҳом КАРИМОВ,
Аз навиштаҳо дар Facebook.

Вақте ки ин сатрҳоро мехонед, дарк мекунед, ки дар паси суханҳои оддӣ умеду орзуи бузурги шахсе, ки мехоҳад «одамони тозагии виҷдонашон баробар»-ро муттаҳид кунад, пеши назар меояд. Илҳом Вафоев кист ва оё ин орзуи ӯ амалӣ шуд?
Соли 1957 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Рустам Каримов ва Мусаввар Ҳотамова таваллуд шудааст. Зиёиёни кӯҳандиёр онҳоро хуб мешинохтанд. Падараш солҳои тӯлонӣ дар мактабҳои олии Самарқанд, модараш дар Омӯзишгоҳи педагогии занонаи Самарқанд фаъолият доштанд.
Илҳом Каримов баъд аз хатми мактаби рақами 45-уми шаҳри Самарқанд ба Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд, ки яке аз мактабҳои олии бонуфузи ҳамон давр буд, дохил шуд. Рости гап Илҳом дар мактаби миёна аълохон набуд ва аз баҳои «се» гирифтани ӯ волидон кам озурда намешуданд. Вале дар мисоли Илҳом дидан мумкин аст, ки «сехон» тамғаи «ғамгин» нест, балки таърифи зӯр аст. «Сехон»-ҳои мактаби ҳамон давр – онҳое, ки ба қоидаҳои маъмулӣ амал накарда, чизҳои ба худашон маъқулро меомӯхтанд. Бинобар ин, аксар вақт аз «сехон»-ҳо шахсони потенсиалашон пурқувват ба воя мерасанд. Ҳолатҳои дар ҳаёт ҷойи худро ёфта натавонистани аълохонҳо низ ба назар мерасад.
Илҳом дар маҳфили волейбол ва хори мактаб иштирок мекард. Агар гӯем, ки вай то синни нафақа волейбол бозӣ кард, муболиғае нахоҳад шуд. Маҳз маҳорати волейболбозии Илҳом имтиёзе барои ба донишкада дохил шудани вай шуда буд.
Ҳанӯз дар синфи якум қобилияти мусиқии Илҳом маълум шуд ва ӯро яккахон (солист)-и хори мактаб интихоб карда буданд. Илҳом ҳуҷумгари бомаҳорати дастаи футболи маҳаллаашон низ буд.
Дар Донишкадаи кооперативии Самарқанд вайро сарвари донишҷӯёни факултет интихоб карданд. Пас аз хатми донишкада дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кард. Мутахассиси кумитаи ташкилоти ҷавонони шаҳр буд. Бо корҳои илмӣ машғул гардид. Дар мактабҳои олӣ, мактаби ҳизбии ҷумҳурият дарс дод.
Илҳом Каримов дар ҳама ҷо пешсаф буд, дӯстонашро аз паси худ пеш мебурд, чунки онҳо ба вай бовар мекарданд. Пешсафии Илҳом Рустамович маънои ҳукмравоӣ (авторитарӣ)-ро надошт. Вай ҳамеша ба фикри атрофиёнаш бо ҳурмат нигоҳ мекард, ватандӯст буд ва ба Ӯзбекистон муҳаббати бепоён дошт. Дар даҳсолаҳои аввали истиқлол яке аз ташаббускорони ташкили Ҳизби либерал-­демократии «Фидокорон» буд.
Ҳаёти Илҳом Каримов дар пеши назари ҳама дурахшону софдилона гузашт.
Пас аз ӯ на танҳо хотираи нек, балки шогирдон, мактаби ӯ ва гурӯҳи калони ҳамкорон, ки кори Илҳом Рустамовичро давом медиҳанд, монданд.
Вай ба пайвандону наздиконаш ҳангоми хайрухуш ҳамеша мегуфт, ки худро эҳтиёт кунед. Онҳо ба суханони ӯ гӯш мекарданд, вале афсӯс, ки имрӯз Илҳом Каримов бо онҳо не. Вай дар арафаи 60-солагӣ вафот кард.
Симои дурахшони Илҳом Рустамович Каримов ҳамеша дар хотира ва дили пайвандону наздиконаш, ки мехост барои онҳо ҷамъияти одамони тозагии виҷдонашон баробарро ташкил намояд боқӣ хоҳад монд.
Дар воқеъ, вай ба маъное чунин ҷамъиятро ташкил карда тавонист.

Аз китоби
«Одаме бо номи Илҳом» (2020) таҳияи Тошқул АЗИМЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ