Мултфилмҳо ба тарбияи фарзанд чӣ гуна таъсир мерасонанд?

Барои аҳли башар саодати бузургтарин озодӣ бошад, мукофоти волотарин тинҷиву осоиштагӣ аст. Ҳифзгарони ин ду неъмати олӣ, ки онро барои мову шумо ва авлоди оянда нигоҳ медоранд, сарвати бебаҳоямон – фарзандони азизамон мебошанд. Афсӯс, дар чунин як замони орому осуда, ки барои ҳамагон имкониятҳои зиёд фароҳам аст, аксари кӯдакони беғубору покниҳоди мо, худбину танбал, якраву гапнодаро ва бешарму тарсончак шуда ба камол мерасанд?
Аз овони мактабхонӣ ё қадам ниҳодан ба кӯдакистон дар шуури онҳо як қатор мафҳумҳои бемаъно, бемантиқ ва берун аз доираи одоб, чун «дӯст медорам», «мурдам», «сӯхтам», «пухтам» ҷойгир мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки магар рӯзе ин ҳама боиси шармсории оила, инчунин барҳам хӯрдани тинҷиву осоиштагии ҷамъият ва давлат намегарданд? Барои сар задани бадрафторӣ ва бадкориҳо сабаб намешаванд? Оё дар натиҷаи ин бефарқӣ ва бепарвоии мо ҳамаи он арзишҳои миллӣ, урфу одатҳои мардумӣ, ки тӯли асрҳо ҳифз мегардиданд, зари по шуда, ба таназзул рӯй намеоранд? Беэътиборӣ ва бефарқии мо магар фоҷиа нест!? Охир Пайғамбарамон Муҳаммад (с. а.в) беҳуда «Фарзандон райҳони ҷаннатанд» нагуфтаанд.
Мо барои аз накҳати зебо ва қади расои дилбандамон дар худ болидан, мебояд пеш аз ҳама ба онҳо эътибор, меҳр, саховат, илму маърифат ва албатта тарбияи комил диҳем. Дар ин бобат ҳама айбро ба гардани тарбиядиҳандагон ва омӯзгорон нагузошта, як дар мавриди худ низ фикр кунем. Аз худ бипурсем, ки мо барои тарбияи фарзандонамон чӣ қадар дер мондем? Шояд имрӯз барои фарзандонамон на мо, на китоб, балки мултфилмҳо «тарбиятгар» шудаанд.
Доим такрор мекунем, ки аксари мултфилм­ҳои телевизион ба менталитети шарқонаи мо мувофиқ нест. Шояд ба худ савол диҳед, ки ҳоло шуури фарзандони моро кӣ идора мекунад? Бале, дуруст ёфтед! Афсӯс, ки ҳамин мултфилмҳо…
Ҳарчанд сангин аст, бояд тан гирем, ки мо падару модарон дар тафаккури фарзанди худ саривақтӣ «иммунитет» ҳосил карда натавонис­тем. Ҷигарбанди худро, ки акнун як-­ду қадам мегузорад, аз шӯхиҳои беозораш хаста шуда, барои роҳати ҷони худ дар пеши телевизор «мехкӯб» кардем.
Ҳеҷ наадешидем, ки нури чашмонамон бо тамошои телевизор баробари рангорангсозии олами тасаввуроти хеш, ҳастияшро (одобашро) аз даст медиҳад. Биёед, дар ҳамин маврид андешида, мулоҳиза намоем. Ба муаммоҳо роҳи ҳал ҷӯем…
Иллатҳое, ки ба бачагон «меомӯзем»
Падару модароне, ки барои ояндаи дурахшони фарзанди худ зиндагӣ мекунед!
Доим таъкид мекунед ва миннат менамоед, ки барои хӯронидан, пӯшонидан, ба мактаб ё кӯдакистон рафтани дилбанди худ ҷон мекоҳонед, кор мекунед, заҳмат мекашед. Дар ҳамин маврид саволи барҳақ ба миён меояд: бори охир кай ҳаракат ва рафтори ӯро назорат кардед? Кай ба фарзанди худ, дар лаҳзаҳои муайян пеши оинаи нилгун нишастанро, ҳангоми истироҳат интихобан тамошо кардани мултфилм ва филм­ҳои бадеии бачагонаро меомӯзед?
Дуруст, хурдсолакон айбе надоранд! Мултфилмҳо низ нутқи бачагонро равон карда, боиси ташаккули ҷаҳонбинии онҳо мегарданд ва фикр­ронии наврасонро дақиқ намуда, дар тинати кӯдакон якчанд сифатҳои некро инкишоф медиҳанд. Аммо, теъдоди мултфилмҳое, ки дар шуури кӯдак нисбат ба эҳсости шаҳвонӣ муносибати гармро бедор карда, онҳоро ҷониби фиребгарӣ ва роҳҳои нодуруст роҳнамоӣ менамоянд, кам нестанд. Бояд гуфт, ки аз чунин мултфилмҳо тоза кардани саҳнаҳои беибоёна, ки дебочаи ҳама гуна иллатҳо мебошанд, ё ки умуман дар телевизион пахш накардани чунин мултисериалҳо, албатта барои пешгирии роҳ наёфтани чунин нуқсонҳо ба шуури фарзандонамон чун заминаи асосӣ хизмат мекунанд. Масалан, дар як қатор мултфилмҳо, ки фарзандони мо бо мароқ ва завқи баланд тамошо мекунанд, беҳаёӣ, худсарӣ, бебурдӣ, беодобӣ ва бо атрофиён муносибати сард намудан ошкоро ё пинҳона тарғиб карда мешавад. Дар ин радиф мо метавонем, «Шрек», «Том ва Ҷеррӣ», «Бозгашти тӯтии дайду», «Духтарча ва хирс», «Ту-­мӣ, ҳоло ист!», «Оппоқой ва ҳафт гном» барин мултфилм­ҳоро номбар кунем.
Дар бораи мултисериалҳои «Том ва Ҷеррӣ», «Духтарча ва хирс», «Ту-­мӣ, ҳоло ист!» нагӯем ҳам мешавад. Одатҳои зараровари гург (масалан, сигоркашӣ), вайронкории ӯ, кори дилхоҳи худро иҷро кардани Том ва Ҷеррӣ, хонаҳоро бетартиб кардан, доим аз пайи озори ҳамдигар гаштани онҳо ва ғайра…
Якравӣ, ҷангҷӯӣ, эркагӣ, худбинӣ ва ҷаҳлдории духтарча, ки Маша ном дорад, шуури беғубор, тинати содда ва ба ҳама чиз боваркунандаи фарзандонамонро заҳролуд месозад.
Вақте ки ҳамаи ин мултфилмҳоро тамошо мекунед, ба як хулоса меоед, яъне ҳамаи онҳо як ғояи асосӣ доранд: ҳар қадаре мехоҳӣ, беодобӣ карданат мумкин аст, туро ҳеҷ кас айбдор намекунад ва ягон нафар ҷазо намедиҳад.
Дар ниҳояти филмҳо беҷазо мондани образҳои Кашшейи бемарг, ҷодугаркампир, карабас-­барабас ва Бармелӣ низ тарғиби бетарбиягӣ аст, ки ин ҳолат низ дилро ғамгин месозад. Охир дар тафаккури бачагон, ки акнун камол меёбанд, фаҳмиши «ин кори нодуруст, бад аст. Онро накун» нест. Аз ин рӯ, ҳоло дар феълу атвори аксари бачагон чунин одатҳои номатлубро диданамон мумкин аст. Яъне, аллакай ин ғояҳои вайронкор ба шуур ва ҳастии онҳо роҳ ёфтаанд.
Мултфилме, ки ба худкушӣ даъват мекунад
Дар симои образи тӯтӣ-­Кеша, ки дар назари аввал чун қаҳрамони хушҳол, беғубор, чолок ва ба ҳама чиз шавқманд ба назар мерасад, як қатор иллат ва камбудиҳоро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Аммо бачагон ин мултфилмро бо як ҳиссиёти наҷиб ва дар канори эҳсосоти амиқ тамошо мекунанд. Ин ҳолат умуман дуруст нест! Дар мултфилми «Бозгашти тӯтии дайду» образи асосӣ тӯтӣ – Кеша ба як қатор нобарориҳо рӯ ба рӯ мешавад. Бар замми ҳамаи ин трактори дӯсташ Василийро идора карда натавониста, онро ба дарё меафтонад.
Дар охири мултфилм саҳначае ҳаст, ки дар он Кеша чунин суханонро мегӯяд: «Ин хел зиндагӣ карданро намехоҳам! Аз ин дида, мурданам беҳтар. Боз корам пеш нарафт. Акнун худамро мекушам! Сухани ҷавонмардиям. Баъд аз ман ҳама халос мешавад. Хайр, дӯстон… Ман расвоям, ман нотавонам, ман махлуқи бадахлоқам» мегӯяд ва дореро тайёр карда, банди онро ба гарданаш меовезад.
Ин саҳна, ки худкушӣ тасвир шудааст, нуқтаи даҳшатноктарини мултфилм гӯем, хато намешавад.
Дар зери таъсири ин саҳна дар шуури бачагони навниҳол холигие пайдо мешавад. Ҳайфи эҷодкорони мултфилм, ки бо ин саҳна даъват ба худкушӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки чунин ҳаракат ва саҳнаҳоро бо ягон васила эзоҳ дода наметавонем.
Фараз кардем, ки бача дар хона танҳо монда, чунин вайронкориҳоро кард ва ба як вазъияти печида рӯ ба рӯ шуд. Кӣ кафолат медиҳад, ки ӯ худкушӣ намекунад? Албатта, ҳеҷ кас. Чунки ҳар як бача барои дар худ санҷидани ҳама кор, танҳо ҳал кардани он ва мустақил шудан ҳаракат мекунад, мушоҳида карда, онҳоро аз бар менамояд.
Боре фикр кунед ва дар худ андешида, мушоҳида намоед. Ба фарзанди худ, ки ҳоло аз даҳонаш бӯйи шири модар нарафтааст, кадом калима ё ҳаракатро наомӯзем, аз қафои мо барои гуфтан ва иҷро кардан ҳаракат мекунад. Пас, дар ин ҳама мову шумо айбдорем. Бале, мо бепарвоӣ мекунем. Худ аз худ аён мегардад, ки барои дар характери фарзандонамон пайдо гардидани як қатор хислатҳои нораво, чун якравӣ, берӯйӣ, зӯроварӣ, таҷовузкорӣ, бесабрӣ ва дигар иллатҳо тамошои чунин мултфилмҳо чун омили асосӣ хизмат мекунад.
Саҳнае аз ҳаёти реалии мо
Тирамоҳ. Вақти хазонрез. Соати корӣ барвақтар тамом шуда, шом ба хона бармегаштам. Димоғи ҳаво гирифта буд. Саргарми хаёл мерафтам, ногоҳ ду нафар наврасе, ки дар як гӯшаи бинои бисёрошёна буданд, эътиборамро ба худ кашиданд. Онҳо канори ҳамдигар менишастанд ва аз рӯйи якдигар хуш медоданд. Дилам таҳ кашид, чизе гулӯгирам кард. Дар чашмам тарс ва хавотир падид омад. Ҷониби наврасон шитофтам. Онҳо ҳатто ба пешашон рафтани маро пай набурданд. Танҳо баъди аз дасти духтар кашида, «ҳой духтар, ин чӣ рафтори беадабона?» гуфтанам, ҳар ду дар худ тарсиданд. Лаҳзае сукут пойдор гардид. Ҷавонон ҳам, ман ҳам аз ҳайрат сангвор рост меистодем. Ин рафтори ду нафаре, ки баодобу беғубор менамуданд, маро дар ҳайрат гузошта буд.
– Фарзанди кӣ ҳастед? Чаро чунин беадабӣ мекунед? – оташин шуда пурсидам. Аз онҳо садое набаромад. – Чандсолаед? – дубора суол додам.
Духтарак магар тарсид, ки гиря кард. Дилам ларзид ва оҳиста ба канорам кашидам:.
– Илтимос гӯй… Ин бача ба ту кӣ мешавад? Чаро чунин нишаста будед, – ашки чашмашро тоза карда пурсидам. Писарак чашм аз замин намеканд.
– Мо бозии шоҳзода ва маликаро бозӣ мекардем. Ин Беҳзод, ту Оппоқой мешавӣ. Худро монанди заҳролудшудагон ба хоб зан. Туро бӯса кунам, бедор мешавӣ… – гуфт духтарак бо ашки шашқатор.
Пас аз ин сухан моҳияти воқеаро дарк кардам. Онҳоро танбеҳ дода, ба хонаашон гуселондаму хона баргаштам. Аммо хавотире, ки дар дилам роҳ ёфта буд, маро ором намегузошт. Хобам ҳам, хезам ҳам, дилам дардеро эҳсос мекард…
Ҳоло фурсате расид, ки мо ба хатоҳо нуқта гузорем. Биёед, дилбанд, ҷигарбанд, дороии худ­ро, ки нӯҳ моҳ дар батн гирифта мегардем ва бо сад ранҷ ба дунё оварда, бо заҳмат калон мекунем, тоза пӯшонида, ҳалол хӯронем ва ба ҷониби нестӣ, яъне пайроҳаи торик не, балки ба роҳи аз гарду ғубор тоза, зебо, дилнишин, ба тарафи худшиносӣ ва худогоҳӣ равона созем.

Дилафрӯз ӮРИНБОЕВА,
донишҷӯи Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Тошканд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ