«Ман ва волидаам»


Дар 6-солагӣ: «Модарам, меҳрубонам».
Дар 8-солагӣ: «Модарам аз ҳама чиз хабар доранд».
Дар 10-солагӣ: «Модарам зани хубанд, аммо хеле зуд ба ғазаб меоянд».
Дар 12-солагӣ: «Модарам дар кӯдакиам бисёртар меҳр медоданд».
Дар 14-солагӣ: «Модарам ба ҷосусӣ сар карданд».
Дар 16-солагӣ: «Вақтҳои охир бо модарам гаштугузор кардан ғайриимкон аст».
Дар 18-солагӣ: «Ҳамин рӯзҳо модарам торафт қавитар мешаванд».
Дар 20-солагӣ: «Вақтҳои охир бо модарам ҳеҷ кор карда намешавад. Падарам чӣ тавр ба он кас тоқат мекунанд, ҳайронам».
Дар 25-солагӣ: «Модарам ба ҳар як амали ман эътироз накунанд, намешавад».
Дар 30-солагӣ: «Бо модарам муросо кардан душвор шуд. Шояд модаркалонамро ҳам вақти ҷавониашон хеле азоб додаанд».
Дар 40-солагӣ: «Модарам маро дар ҳаёт бо назорати қатъӣ тарбия кардаанд. Ман ҳам фарзандонамро ҳамин тавр тарбия мекунам».
Дар 45-солагӣ: «Модарам моро чӣ тавр тарбия кардаанд-а? Ман ҳайрон».
Дар 50-солагӣ: «Модарам моро то тарбия карда, парвариш кардан чӣ қадар сабрнок будаанд. Ман наметавонам ба фарзандонам фармоиш диҳам».
Дар 55-солагӣ: «Модарам фариштаи хонаамон, зани оқила ва доно буданд. Ҳама чизро барои мо кардаанд. Модарам зани хушмуомила ва баандеша буданд. Оё ман фарзанди муносиби чунин зан шудам?».
Дар 60-солагӣ: «Модари меҳрубонамро Аллоҳ ба раҳматаш гирифта бошад».
Барои ба ин давр ва фикр нуқтаи аввал, яъне (6 сола) баргаштан 54 сол лозим шуд.
Биёед то имконият ҳаст ба волидони худ бо муомилаи беҳтарин муносибат кунем. Токи фарзандонамон ҳам бо мо дар чунин муносибат бошанд.

Ҳикмати рӯз
Вақте ки мо дар мактаб мехондем, аввал дарсҳо ва баъд имтиҳонҳо буданд. Аммо дар ҳаёт бошад, аввал имтиҳон, баъд дарс мешавад.
Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ