Мураббии машҳур Дик Адвокат фаъолияташро қатъ карданист

Сармураббии «Фейеноорд» Дик Адвокат фаъолияташро қатъ кардан мехоҳад. Мутахассиси 73-сола ба роҳбарияти ҷамоа дар охири мавсум рафтанашро маълум кард. «Медонам, дар ин бора пеш ҳам гуфта будам. Аммо ин сафар боварӣ карданатон мумкин. Ду-се моҳи оянда охири фаъолиятам мешавад. Карераи дароз ва аҷибро аз сар гузарондам. «Фейеноорд» барои тамом кардани фаъолиятам ҷойи аҷиб аст. Умед мекунам. ки дар охири мавсум муваффақият ёрамон мешавад.» гуфтааст Дик Адвокат дар сомонаи ҷамоа. Барои маълумот: «Фейеноорд» дар ҷадвали бозиҳои Чемпионати Нидерландия дар ҷойи чорум аст. Дар Лигаи аврупо бошад, ҷамоа дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро соҳибӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ