Дар Ӯзбекистон шумораи бо инфексияи Норасоии иммуни инсон зиндагидошта маълум карда шуд

Бино ба ҳолати 1-уми ноябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон шумораи сокинони бо инфексияи НИИ зиндагидошта 43581 нафарро ташкил мекунад. Дар ин бора директори Маркази мубориза бар зидди НИИ Қ.Йӯлдошев маълум кард. Бино ба гуфтаҳои ӯ солҳои охир дар сохтор мубориза бар зидди Синдроми норасоии иммуни инсон муваффақиятҳо ба назар мерасанд. Дар диёрамон вазъияти эпидемикӣ аз рӯйи инфексияи НИИ барқарор мегардад. Дар мамлакатамон 78-то лабораторияи диагностикии НИИ фаъолият дорад. Аз онҳо 15-тоаш маҷмӯаи лабораторияи маркази мубориза бар зидди СНИИ ва 63-тоаш лабораторияи байниноҳиявӣ мебошад. Ба фаъолияти лабораторияҳо соле беш аз 8 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ