Автомашинаи сафорати Россия дар Афғонистон тарконидп шуд

Пас аз таркиши автомашинаи сафорати Россия дар пойтахти Афғонистон, касе аз кормандони намояндагии дипломатӣ ниёзманди бистарӣ шуданро дар беморхона надошт. Тавре «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора атташеи матбуотии намояндагии дипломатии Россия дар Афғонистон Никита Ищенко изҳор кардааст. Ҳамзамон, вай тасдиқ кард, ки ба автомашинаи сафорат ба асари ин таркиш «хисороти назаррас» расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки автомашинаи сафорати Россия дар Афғонистон рӯзи 1 декабр дар Кобул дар наздикии бинои намояндагии дипломатии Россия тавассути дастгоҳи таркандаи худсохт тарконида шуд. Кормандони сафорат, ки дар дохили мошин буданд, зарбаи сабук бардоштанд.
Ҳоло, ба гуфтаи Ищенко, ҳолати ин ҳамлаи террористӣ муайян карда мешавад.
«Дар айни замон, тафтишот идома дорад, ки оё ҳамлаи террористӣ алайҳи кормандони дипломатии Россия равона шуда буд ё не», — гуфтааст атташеи матбуоти Россия ба «РИА Новости».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ