Байден гуфт, ки барои баргардондани ИМА ба созишномаи ҳастаӣ бо Эрон омода аст


Ҷо Байден пеш аз интихоботи раисҷумҳурӣ дар ИМА гуфта буд, ки дар сурати ғолиб шуданаш дар интихобот кишварашро ба созишномаи ҳастаии (ядроӣ) байналмилалӣ бо Эрон – “Барҷом” бармегардонад.
Ҷо Байден дар мусоҳиба бо рӯзноманигори The New York Times гуфт, ки омода аст, то ин барномаашро амалӣ кунад.
Ба гуфтаи Байден, маъмурияти нави Қасри Сафед бо шарикону ҳамкорони худ барои роҳандозии музокираву мувофиқат мақсад доранд. Аз назари ӯ, созишномаи мавҷуда барои таъмини барқарории минтақа беҳтарин восита аст. Дар акси ҳол, Арабистони Саъудӣ, Туркия, Миср ва дигар кишварҳо низ орзуи доштани аслиҳаи атомиро мекунанд.
Ёдовар мешавем, Русия, Британияи Кабир, Чин, ИМА, Фаронса ва Олмон соли 2015 бо Эрон созишномаи ҳастаиро имзо карданд. Бино бар ин созишнома, Созмони милали муттаҳид, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои (санксия) худро бар зидди Эрон бекор мекунанд ва ҷумҳурии исломӣ фаъолияти худро дар соҳаи ҳастаӣ маҳдуд мекунад. Аммо Трамп соли 2018 эълон кард, ки ИМА аз ин созишнома хориҷ мешавад. Дере нагузашта ИМА бар зидди Эрон таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ