Илон Маск: Инсон дар 6 соли оянда ба Миррих қадам мегузорад


Илон Маск, асосгузори ширкати SpaceX дар маросими ҷоизасупории Axel Springer гуфт, ки инсон дар 6 соли оянда ба Миррих қадам мегузорад. Дар ин бора Meduza хабар дод.
Ӯ афзуд, “Агар комёб шавем, метавонем ин ҳодиса дар муддати 4 сол рӯй диҳад”.
Дар ҳоли ҳозир ширкати ӯ барои парвоз ба Миррих киштии кайҳонӣ ва ракетаи Starship-ро месозад.
Илон Маск чанде пеш тарзи зиндагии одамонро дар Миррих тавзеҳ дода буд. Ба гуфтаи ӯ, одамон аввал дар зери гунбадҳои шишаии шаҳри бунёдшуда дар ин сайёра зиндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ҷоизаи Axel Springer ба касоне дода мешавад, ки соҳиби ғояҳои таъсиргузор ба тараққиёти инсоният ҳастанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ